Ибни Таймия ва фанопазирии ҷаҳаннам
Ибни Таймия мӯътақид аст, ки оташи ҷаҳаннам фано мепазирад ва тамом мешавад. (Яъне азоби ҷаҳаннимиён ҳамешагӣ нест ва ҳамаи аҳли ҷаҳаннам аз он берун хоҳанд омад). Албонӣ мегӯяд: “Имом Санъонӣ радди хеле хубе бар Ибни Таймия ва Ибни Қаййим дар ин масъала навишта ва ман низ дар китоби “Силсила аҳодиси заифа”-ам (ҷ 2, саҳ 71-75) бар он ду дар ин масъала рад навиштам”.
Вале ҷолиб ин ҷост, ки Саққоф мегӯяд: “Аз чизҳои аҷиб ва ғариб ин ки шахсе ба номи Абдулкарим Солеҳ Ҳамид (аз уламои ваҳҳобии муосир) радде бар Албонӣ дар дифоъ аз Ибни Таймия ва Ибни Қаййим навишта ба номи “Ал-қавл-ул-мухтор ли баёни фаноин-нор”, ки дар Риёз чоп шудааст. Ў дар он гуфта, ки Албонӣ сухане дар мавриди Ибни Таймия ва Ибни Қаййим гуфта, ки наметавон сабр кард. . . Ин нависанда гуфта, ки сухани он ду саҳеҳ буда ва онҳо бо ин суханонашон аз Ислом дифоъ кардаанд. . . ”
Баъд аз ӯ як олими ваҳҳобии дигар, ки устоди Уммулқурои Макка аст китобе ба номи “Кашфул астор ли ибтоли иддаои фаноин-нор”-ро бар радди ӯ ва исботи назари Албонӣ навишта, вале саъй карда собит кунад, ки Ибни Таймия низ ин суханро нагуфта. Инак, айни матни Абдулкарим Солеҳ Ҳамид (дар саҳифаи 12 ва 13 китоби “Ал-қавлул-мухтор ли баёни фаноин-нор”):
ﻗﺎﻝ ﻋﺒﺪﺍﻟﻜﺮﻳﻢ ﺻﺎﻟﺢ ﺍﻟﺤﻤﻴﺪ ـ ﻣﻘﻠﺪ ﺍﺑﻦ ﺗﻴﻤﻴﺔ ـ ﻓﻲ ﺭﺩﻩ ﻋﻠﻰ ﺍﻷﻟﺒﺎﻧﻲ ما ﻧﺼﻪ …. ﺣﺘـﻰ ﻭﺻـﻠﺖ ﺇﻟﻰ ﻧﺴﺨﺔ (ﺭﻓﻊ ﺍﻷﺳﺘﺎﺭ) ﻟﻠﺼﻨﻌﺎﻧﻲ ﻭﻓﻴﻬﺎ ﻣﻘﺪﻣﺔ ﺍﻷﻟﺒﺎﻧﻲ ﻭﺗﻌﻠﻴﻘﻪ ﻓﻠﻤﺎ ﻗﺮﺃﺕ ﺍﻟﻤﻘﺪﻣﺔ ﻋﺮﻓﺖ ﺍﻟﺴﺮ ﺍﻟﺬﻱ ﻣﻦ ﺃﺟﻠﻪ ﺗﻜﻠﻢ ﻣﻦ ﺗﻜﻠﻢ ﺑﻜﺘﺐ ﺍﺑﻦ ﺍﻟﻘﻴﻢ ﻓﻘﺪ ﺭﺃﻳﺖ ﺗﻬﺠﻤﺎ ﻋﻨﻴﻔﺎ ﻣﻦ ﺍﻷﻟﺒﺎﻧﻲ ﻋﻠﻰ ﺍﻟﺸﻴﺦ ﻭﺗﻠﻤﻴﺬﻩ ﻻ ﺻﺒﺮ ﻋﻠﻴـﻪ ﺣﻴﺚ ﻗﺎﻝ: ﺳﻘﻄﺎ ﺑﻤﺎ ﺳﻘﻂ ﺑﻪ ﺃﻫﻞ ﺍﻟﺒﺪﻉ ﻭﺍﻷﻫﻮﺍﺀ ﻣﻦ ﺍﻟﻐﻠﻮ ﻓﻲ ﺍﻟﺘﺄﻭﻳﻞ ﻭﺇﻥ ﺍﺑﻦ ﺍﻟﻘﻴﻢ ﺍﻧﺘﺼﺮ ﻟﺸـﻴﺨﻪ ﻓـﻲ ﺫﻟﻚ. ﻭﺇﻥ ﺍﺑﻦ ﺗﻴﻤﻴﺔ ﻳﺤﺘﺞ ﻟﻬﺬﺍ ﺍﻟﻘﻮﻝ ﺑﻜﻞ ﺩﻟﻴﻞ ﻳﺘﻮﻫﻤﻪ ﻭﻳﺘﻜﻠﻒ ﻓﻲ ﺍﻟﺮﺩ ﻋﻠﻰ ﺍﻷﺩﻟﺔ ﺍﻟﻤﺨﺎﻟﻔﺔ ﻟﻪ ﺗﻜﻠﻔـﺎ ﻇﺎﻫﺮﺍ. ﻭﻗﺎﻝ ﺣﺘﻰ ﺑﻠﻎ ﺑﻬﻤﺎ ﺍﻷﻣﺮ ﺇﻟﻰ ﺗﺤﻜﻴﻢ ﺍﻟﻌﻘﻞ ﻓﻴﻤﺎ ﻻ ﻣﺠﺎﻝ ﻟﻪ ﻓﻴﻪ ﻛﻤﺎ………
“… То ин ки нусхае аз китоби “Рафъ-ул-астор”-и Санъонӣ, ки дар он Албонӣ муқаддима ва ҳошия навиштааст, ба дастам расид … Дар ин муқаддима ҳуҷуми сахт ва сарсахтонаи Албониро бар зидди Ибни Таймия ва шогирдаш Ибни Қаййим дидам, ки наметавон бар он сабр кард, он ҷо ки (Албонӣ) мегӯяд: “Ибни Таймия ва Ибни Қаййим ба ҳамон роҳе аз ғулув, ки бидъатгузорон ва ҳавопарастон рафтаанд, гирифтор шуданд. Ибни Қаййим устодашро дар ин мавзӯъ ёрӣ кардааст.
Ва Ибни Таймия ба далелҳои хаёлӣ ва дур аз ҳақиқат барои ботил кардани суханони мухолифинаш дар ин мавзӯъ чанг задааст”. Албонӣ гумон карда таъвилҳое, ки Ибни Қаййим ба хотири собит кардани масъалаи ба охир расидани оташи ҷаҳаннам кардааст, таъвилҳои мӯътазила ва ашоира сабуктар аз таъвили ӯст. Шайхул Ислом (Ибни Таймия) қадамаш лағзида ва сухане гуфта, ки қабл аз ӯ касе онро нагуфта ва далеле ҳам барои он наоварда. . . ва ғайр аз инҳо аз таънаҳои Албонӣ бар Ибни Таймия ва шогирдаш, ки дар муқаддимаи “Рафъ-ул-астор” аст.
Ба ҳамин хотир дар ин мавзӯъ барои дифоъ аз Ибни Таймия ва шогирдаш ва баёни ин матлаб, ки ҳақ бо он дуст (яъне ӯ низ мӯътақид аст, ки ҷаҳаннам ба поён мерасад) ин китобро навиштам ва ман бо огоҳӣ ва биноӣ, ин ақидаро дорам. . . Агар Ибни Таймия ва шогирдаш дар ин масъала хато ҳам карда буданд, боз сазовори ин суханони Албонӣ набуданд, чӣ расад бар ин ки ҳақ ва савоб дар ин масъала бо онҳост ва онҳо ин суханро ба хотири дифоъ ва ҳимояти аз Ислом гуфтаанд… .” “Ал-башорату вал итҳоф”-и Ҳасани Саққоф, с 16 (ба нақл аз “Ал-қавл-ул-мухтор ли баёни фанои ан-нор”, с 12 ва 13 чопи аввал дар Риёзи Арабистон дар соли 1412 ҳ.
Ва ин дар ҳолест, ки Худованди Мутаол дар Қуръони Карим бисёр ба куффор, мунофиқин ва мушрикин ваъдаи ҷовид мондан дар ҷаҳаннам ва дӯзахро дода, ки барои ошноӣ баъзе аз оятҳоро баён мекунем:
وَعَدَ اللَّهُ الْمُنَافِقِينَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْكُفَّارَ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا هِيَ حَسْبُهُمْ وَلَعَنَهُمُ اللَّهُ وَلَهُمْ عَذَابٌ مُقِيمٌ
Худо ба мардони мунофиқ ва занони мунофиқ ва кофирон оташи ҷаҳаннамро, ки дар он мондагоранд, ваъда додааст. Он [оташ] барои онҳо кофӣ аст ва Худо онҳоро лаънат кардааст ва барои онҳо азобе пойдор аст. Сураи Тавба ояти 68.
بَلى مَنْ کَسَبَ سَيِّئَةً وَ أَحاطَتْ بِهِ خَطِيئَتُهُ فَأُولئِکَ أَصْحابُ النَّارِ هُمْ فِيها خالِدُونَ
Оре, ҳар кас бадиеро касб намояд ва гуноҳаш ӯро фаро гирад, пас онон аҳли дӯзаханд, онҳо дар он мондагоранд.
وَ الَّذِينَ آمَنُوا وَ عَمِلُوا الصَّالِحاتِ أُولئِکَ أَصْحابُ الْجَنَّةِ هُمْ فِيها خالِدُونَ
Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, онон аҳли биҳиштанд, онҳо дар он ҷовидонанд. Сураи Бақар оятҳои 81-82).
وَمَنْ يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَيَتَعَدَّ حُدُودَهُ يُدْخِلْهُ نَارًا خَالِدًا فِيهَا وَلَهُ عَذَابٌ مُهِينٌ
Ва ҳар кас Худо ва паёмбарашро нофармонӣ кунад ва аз марзҳои Ӯ таҷовуз намояд, ӯро дохили оташе кунад, ки дар он мондагор аст ва барояш азоби хоркунанда аст. Сураи Нисо ояти 14.
وَالَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ
Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оятҳои Моро такзиб карданд, онон аҳли дӯзаханд; онҳо дар он мондагоранд». Сураи Бақар ояти 39.
يَسْأَلُونَكَ عَنِ الشَّهْرِ الْحَرَامِ قِتَالٍ فِيهِ ۖ قُلْ قِتَالٌ فِيهِ كَبِيرٌ وَصَدٌّ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ وَكُفْرٌ بِهِ وَالْمَسْجِدِ الْحَرَامِ وَإِخْرَاجُ أَهْلِهِ مِنْهُ أَكْبَرُ عِنْدَ اللَّهِ وَالْفِتْنَةُ أَكْبَرُ مِنَ الْقَتْلِ وَلَا يَزَالُونَ يُقَاتِلُونَكُمْ حَتَّىٰ يَرُدُّوكُمْ عَنْ دِينِكُمْ إِنِ اسْتَطَاعُوا وَمَنْ يَرْتَدِدْ مِنْكُمْ عَنْ دِينِهِ فَيَمُتْ وَهُوَ كَافِرٌ فَأُولَٰئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَأُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ ۚ
Аз ту дар бораи ҷанг дар моҳи ҳаром мепурсанд, бигӯ: «ҷанг дар он [гуноҳи] бузург аст ва боздоштан аз роҳи Худо ва куфр варзидан ба Ӯ ва [боздоштан аз] Масҷид-ул-ҳаром ва берун кардани аҳлаш аз он, назди Худо бузургтар [аз ҷанг] аст» ва фитна аз қатл бузургтар аст ва онҳо ҳамеша бо шумо меҷанганд, то агар битавонанд шуморо аз динатон баргардонанд ва ҳар касе аз шумо аз динаш баргардад ва дар ҳоле ки ӯ кофир бимирад, пас онон аъмолашон дар дунё ва охират нобуд мегардад ва онон аҳли дӯзаханд, онҳо дар он мондагоранд. Сураи Бақара ояти 217.
Албатта инҳо танҳо баъзе аз оятҳо дар ин мавзӯъ ҳастанд ва оятҳои зиёди дигар низ дар ҳамешагӣ будани азоби баъзе аз куффор ва мунофиқон вуҷуд дорад, вале бо ин вуҷуд Ибни Таймия ва шогирдаш ҳамаи ин оятҳоро надида гирифта ва дар амал онро инкор мекунанд ва пайравонашон низ бо беҳаёӣ аз ӯ ҳимоят карда, назари онҳоро ҳақ ва ҳимоят аз Ислом муаррифӣ мекунанд.
Қобили ёдоварист, ки масъалаи ба охир расидани азоби ҷаҳаннамро пеш аз Ибни Таймия, Ҷуҳам ибни Сафвон (раҳбари ҷуҳамиён) низ матраҳ карда буд. Бухорӣ ҷуҳамиёнро бадтар аз яҳуду насоро дониста, гуфтааст: “Дар сухани яҳуд, насоро ва маҷус назар кардам ва касеро гумроҳтар дар куфрашон аз ҷуҳамиён наёфтам ва ҳар ки ҷуҳамиёнро кофир надонад, ман ӯро ҷоҳилу нодон медонам”. “Лисонул мизон”-и Ибни Ҳаҷар, ҷ 2, саҳ 334. “Халқу афъолил ибод”-и Бухорӣ”, с 71. “Сияру аъломун нубало”, ҷ12, р 171.
Пас Ибни Таймия ақидаи ҷуҳамиёнро зинда карда ва дар ин мавзӯъ аз онҳо пайравӣ кардааст. Ёдовар мешавем, ки Ибни Таймия чунон ки Албонӣ низ гуфтааст, бо истидлол бар аҳодиси заиф, ки мухолифи даҳҳо оятҳои Қуръон ҳастанд, саъй карда фанопазирии ҷаҳаннамро собит кунад, ки метавонед барои ошноӣ ба китоби “Рафъул-астор фи ибтоли адиллати фаноин-нор”-и Санъонӣ муроҷеа кунед.
Ибни Таймия ва ширк
Аз масоиле, ки касе то замони Ибни Таймия дар он ҳеҷ шакке надошт, масъалаи тавассул ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва ё авлиёуллоҳ барои бароварда шудани ҳоҷатҳост, чӣ он ки шахсе ки ба ӯ тавассул мешавад, дар қайди ҳаёт бошад, ё ин ки шахси аз дунё рафта бошад. Ва ҳамчунин аст масъалаи истиғоса (талаби ёрӣ намудан) чӣ аз шахси ҳозир ва чӣ ғоиб ва мурда. Ва касе – чӣ шиа бошад ва чӣ суннӣ – ин масъаларо ширк ба Худо ва ё ҳатто ҳаром муаррифӣ накардааст.
Албатта он чӣ ширк аст, он аст, ки агар шахсе ба касе тавассул намуда, чунин пиндорад, ки он шахс ба гунаи мустақил ва бидуни изни Худо, дар баровардани ҳоҷат таъсиргузор аст. Дар ширк будани чунин эътиқоде касе шак надорад. Ва қоилин ба тавассул ва истиғоса ҳам нагуфтаанд, ки шахси ба ӯ тавассулшаванда мустақил дар таъсир аст, балки мегӯянд, ки чун ӯ аз муқаррабон ба даргоҳи илоҳист, бо изни Худо метавонад восита қарор бигирад дар баровардани ҳоҷати ҳоҷатманд.
Вале Ибни Таймия ва пайравонаш, тавассул ва истиғоса ба шахси ғоиб ва мурдаро ширк медонанд. Албатта дар баъзе аз ҷойҳои китоби Ибни Таймия чунин омадааст, ки ӯ тавассул ва талаби шафоат аз Паёмбар (с)-ро ҷоиз медонад. Вақте Ибни Таймияро барои мунозираву бозхоҳӣ аз гуфтаҳояш, ба ҳузури қозии шофеӣ оварданд ва дар он нишаст, ки уламо ва қузот ҳузур доштанд, гуфт: “Намешавад ба ғайри Худо истиғоса кард. Истиғоса ба маънои ибодат ба Паёмбар ҷоиз нест, вале тавассул ва талаби шафоат аз Паёмбар ҷоиз аст”. Таърихи Ибни Касир, ҷ 14, саҳ, 51.
Ибни Таймия мегӯяд:
ﺍﻟﺘﻮﺳﻞ ﺑﻪ ﻓﻲ ﺍﻟﺪﻋﺎﺀ ﻛﻤﺎ ﻓﻲ ﺍﻟﺤﺪﻳﺚ ﺍﻟﺬﻱ ﺭﻭﺍﻩ ﺍﻟﺘﺮﻣﺬﻱ ﻭﺻﺤﺤﻪ ﺃﻥ ﺍﻟﻨﺒﻲ ﻋﻠﻢ ﺷﺨﺼﺎ ﺃﻥ ﻳﻘـﻮﻝ ﺍﻟﻠﻬﻢ ﺇﻧﻲ ﺃﺳﺄﻟﻚ ﻭﺃﺗﻮﺳﻞ ﺇﻟﻴﻚ ﺑﻨﺒﻴﻚ ﻣﺤﻤﺪ ﻧﺒﻲ ﺍﻟﺮﺣﻤﺔ ﻳﺎ ﻣﺤﻤﺪ ﻳﺎ ﺭﺳﻮﻝ ﺍﷲ ﺇﻧﻲ ﺃﺗﻮﺳﻞ ﺑﻚ ﺇﻟﻰ ﺭﺑـﻲ ﻓﻲ ﺣﺎﺟﺘﻲ ﻟﻴﻘﻀﻴﻬﺎ ﺍﻟﻠﻬﻢ ﻓﺸﻔﻌﻪ ﻓﻲ. ﻓﻬﺬﺍ ﺍﻟﺘﻮﺳﻞ ﺑﻪ ﺣﺴﻦ ﻭﺃﻣﺎ ﺩﻋﺎﺅﻩ ﻭﺍﻹﺳﺘﻐﺎﺛﺔ ﺑﻪ ﻓﺤﺮﺍﻡ.
“Тавассул ба Паёмбар дар дуо чунон ки дар ҳадисе аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ворид шудааст, машрӯъ аст. Тавассул ба Паёмбар дар дуо чунин аст: “Худоё! Ман аз ту мехоҳам ва мутавассил мешавам ба сӯи ту ба василаи паёмбарат Муҳаммад, паёмбари раҳмат. Эй Муҳаммад! Эй Расули Худо! Ман мутавассил мешавам ба василаи ту ба сӯи Парвардигорам дар ҳоҷатам, то ҳоҷатамро бароварад. . . ”. Баъд аз нақли ин ҳадис мегӯяд: “Ин гуна тавассул ба Паёмбар хуб аст, вале дуо ва истиғоса ба он ҳазрат ҳаром аст”. “Маҷмӯъул фатово”-и Ибни Таймия, ҷ 3. с 276.
ﻭﻛﺬﻟﻚ ﺳﺆﺍﻝ ﺑﻌﻀﻬﻢ ﻟﻠﻨﺒﻲ ﺻﻠﻰ ﺍﷲ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺁﻟﻪ ﻭﺳﻠﻢ ﺃﻭ ﻟﻐﻴﺮﻩ ﻣﻦ ﺃﻣﺘﻪ ﺣﺎﺟﺘﻪ ﻓﺘﻘﻀﻰ ﻟﻪ ﻓﺈﻥ ﻫﺬﺍ ﻗﺪ ﻭﻗﻊ ﻛﺜﻴﺮﺍ ﻭﻟﻴﺲ ﻫﻮ ﻣﻤﺎ ﻧﺤﻦ ﻓﻴﻪ ﻭﻋﻠﻴﻚ ﺃﻥ ﺗﻌﻠﻢ ﺃﻥ ﺇﺟﺎﺑﺔ ﺍﻟﻨﺒﻲ ﺻﻠﻰ ﺍﷲ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺁﻟﻪ ﻭﺳﻠﻢ ﺃﻭ ﻏﻴـﺮﻩ ﻟﻬﺆﻻﺀ ﺍﻟﺴﺎﺋﻠﻴﻦ ﻟﻴس ﻣﻤﺎ ﻳﺪﻝ ﻋﻠﻰ ﺍﺳﺘﺤﺒﺎﺏ ﺍﻟﺴﺆﺍﻝ…… ﻭﻓﻴﻬﻢ ﻣﻦ ﺃﺟﻴﺐ ﻭﺃﻣﺮ ﺑﺎﻟﺨﺮﻭﺝ ﻣﻦ ﺍﻟﻤﺪﻳﻨﺔ ﻓﻬﺬﺍ ﺍﻟﻘﺪﺭ ﺇﺫﺍ ﻭﻗﻊ ﻳﻜﻮﻥ ﻛﺮﺍﻣﺔ ﻟﺼﺎﺣﺐ ﺍﻟﻘﺒﺮ……. ﻭﻛﺬﻟﻚ
“Ва ҳамчунин дархости баъзе аз уммати Паёмбар ҳоҷаташро аз Паёмбар ва ё аз ғайри он ҳазрат, ки ҳоҷаташ бароварда шудааст (ин кор ҷоиз аст). Зеро ин гуна иттифоқҳо зиёд пеш омада ва ин дар баҳси мо дахил нест. Бояд бидонӣ, ки баровардани Паёмбар ё ғайри он ҳазрат ҳоҷати дархосткунандагонро чизе нест, ки далолат бар мустаҳаб будани дархост аз онҳо кунад.
Аз ин мардум касоне буданд, ки ҳоҷаташон (баъд аз ҳоҷат хостан аз қабри Паёмбар (с) бароварда шуд ва амр шуд, ки аз Мадина берун равад. Пас ин миқдор агар воқеъ шавад, каромате аз соҳиби қабр аст… Ҳамчунин он чӣ ки зикр шуда аз каромот ва корҳои хориқулода назди қубури анбиё ва солеҳин, монанди нозил шудани нурҳо ва фариштаҳо бар он қабр ва тарсидану гурехтани шаётин ва ҳайвонот аз он қабрҳо ва дафъи оташ аз он қабр ва аз касе, киҳамсояи он қабр аст ва шафоати баъзе аз онҳо дар бораи касе, кидар қабр ҳамсояи ӯ шуда…
Ва низ унсу оромиш ба касоне, ки назди он қабр ҳастанд ба вуҷуд меояд ва нозил шудани азоб ба касе, кииҳонат ба он қабр кард ва монанди инҳо, ҳама ҳақ ҳастанд, ки аз баҳси мо хориҷ аст. Ва он чӣ дар қабрҳои паёмбарон ва солеҳин аз каромату раҳмати илоҳӣ ва эҳтироме, ки барои он қабрҳо назди Худо вуҷуд дорад, болотар аз ин аст, ки аксари мардум гумон мекунанд”. “Иқтизоус сирот”-и Ибни Таймия, ҷ 1, саҳ 374. “Ар-рад алал Бакрӣ”, ҷ 1, саҳ454 қариб ба ҳамин маъно.
Ин суханони Ибни Таймия имрӯза дар назди ваҳҳобиҳо аз бузургтарин навъи ширк мебошад ва мебинед, ки ӯ мӯътақид аст Паёмбар (с) тавони баровардани ҳоҷати аҳли дунёро доранд ва хеле ҳам ин гуна рӯйдодҳо воқеъ шуда ва суханони дигари ӯ, ки дар бораи азамати қабри он ҳазрат гуфта, ҳама назди ваҳҳобиҳо ширки бузург мебошад.
Боз ҳам ӯ мегӯяд:
ﻭﻛﺬﻟﻚ ﺃﻳﻀﺎ ﻣﺎ ﻳﺮﻭﻯ ﺃﻥ ﺭﺟﻼ ﺟﺎﺀ ﺇﻟﻰ ﻗﺒﺮ ﺍﻟﻨﺒﻲ ﺻﻠﻰ ﺍﷲ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺁﻟﻪ ﻭﺳﻠﻢ ﻓﺸﻜﺎ ﺇﻟﻴﻪ ﺍﻟﺠـﺪﺏ ﻋﺎﻡ ﺍﻟﺮﻣﺎﺩﺓ ﻓﺮﺁﻩ ﻭﻫﻮ ﻳﺄﻣﺮﻩ ﺃﻥ ﻳﺄﺗﻲ ﻋﻤﺮ ﻓﻴﺄﻣﺮﻩ ﺃﻥ ﻳﺨﺮﺝ ﻓﻴﺴﺘﺴﻘﻲ ﺍﻟﻨﺎﺱ ﻓﺈﻥ ﻫﺬﺍ ﻟﻴﺲ ﻣﻦ ﻫﺬﺍ ﺍﻟﺒـﺎﺏ ﻭﻣﺜﻞ ﻫﺬﺍ ﻳﻘﻊ ﻛﺜﻴﺮﺍ ﻟﻤﻦ ﻫﻮ ﺩﻭﻥ ﺍﻟﻨﺒﻲ ﺻﻠﻰ ﺍﷲ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺁﻟﻪ ﻭﺳﻠﻢ ﻭﺃﻋﺮﻑ ﻣﻦ ﻫﺬﻩ ﺍﻟﻮﻗﺎﺋﻊ ﻛﺜﻴﺮﺍ.
“Ва ҳамчунин он чӣ ки ривоят шуда, марде ба назди қабри Паёмбар омад ва ба он ҳазрат аз хушксолӣ шикоят кард, пас он ҳазратро дар хобаш дид дар ҳоле, ки Паёмбар ба ӯ дастур доданд, ки ба назди Умар ибни Хаттоб биравад ва ӯро амр кунад, то барои мардум талаби борон кунад. Пас ба дурустӣ, ки ин аз мавзӯи мо нест ва монанди он ҳатто барои ғайри Паёмбар ҳам зиёд воқеъ мешавад ва ман аз ин гуна воқеаҳо зиёд медонам. ” “Иқтизоус сирот”-и Ибни Таймия, ҷ 1, саҳ 373.
Ин достонро, ки бо санади саҳеҳ ривоят шуда, агар ба ваҳҳобиҳо бозгӯ кунӣ, мегӯянд: “Ин ширк аст”. Вале шумо мебинед, ки Ибни Таймия онро хориҷ аз мавзӯъи тавассул ва истиғоса муаррифӣ мекунад. Диққат дошта бошем, ки ваҳҳобиҳо бо ширк хондани ин амал, ҳамаи саҳобаҳоеро, ки дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб ҳузур доштаанд, мушрик мехонанд. Чун онҳо бо амал ба ин хабар ва сукут дар баробари он, талаби аз Паёмбар (с)-ро баъд аз марг, имзо кардаанд.
Ҳамчунин Ибни Таймия дар китоби “Калим-ут-таййиб”-и худ ду истиғосаро, ки дар зер зикр мешавад, ворид кардааст.
ﺍﻥ ﺍﺑﻦ ﻋﻤﺮ ﺧﺪﺭﺕ ﺭﺟﻠﻪ ﻓﻘﻴﻞ ﻟﻪ ﺍﺫﻛﺮ ﺍﺣﺐ ﺍﻟﻨﺎﺱ ﺍﻟﻴﻚ ﻳﺰﻝ ﻋﻨﻚ ﻓﺼﺎﺡ ﻳﺎ ﻣﺤﻤﺪﺍﻩ ﻓﺎﻧﺘﺸﺮﺕ.
“Ибни Умар пояш беҳис ва заифу беҳол шуд. Ба ӯ гуфта шуд, ки маҳбубтарин шахс бароятро ёд кун хуб мешавӣ. Ибни Умар фарёд зад: “Ё Муҳаммадо!” Он гоҳ пояш ба худ омаду бо ҳолу нишот шуд”. “Ал-калимут таййиб”-и Ибни Таймия, с 73.
Нависандаи китоби “Мақолотус сания фи кашфиз залолоти Аҳмад ибни Таймия” дар бораи ин амали Ибни Умар мегӯяд: “Ин амали Абдуллоҳ ибни Умар истиғоса ба Паёмбар аст бо лафзи “Ё Муҳаммадо!” ва он дар назди ваҳҳобиҳо баъд аз марги он ҳазрат, куфр аст. Пас ваҳҳобиҳо чӣ кор мекунанд? Оё аз такфири касе, ки “Ё Муҳаммадо!” мегӯяд, бармегарданд, ё аз Ибни Таймия дар ин маврид безорӣ меҷӯянд. Чун Ибни Таймия дар назди онҳо ба Шайхул Ислом мулаққаб шудааст.
Эй вой, аз ин шармандагӣ бар онҳо! Ибни Таймия имомашон аст ва Ибни Абдулваҳҳоб тамоми афкорашро, ки бо он бо мусулмонон мухолифат кард, аз ӯ гирифта. Ва бинобар ақидае, ки онҳо доранд, чунин мешавад, ки Ибни Таймияро кофир донистаанд, ба хотири ин ки Ибни Таймия чизеро, ки ширк аст, ҳасан ва хуб донистааст”. (Чун ин хабари Ибни Умарро дар китоби “Калим-ут-таййиб”-аш ворид кардааст). “Мақолотус сания фи кашфиз залолоти Аҳмад ибни Таймия”, саҳ. 279.
“Пои марде дар ҳузури Ибни Аббос беҳис ва заифу беҳол шуд. Ибни Аббос ба ӯ гуфт: “Маҳбубтарин шахс дар наздатро ёд кун”. Ў гуфт: “Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)!” Ровӣ мегӯяд: “Гӯё ба ҳол омаду бо нишот шуд”. “Ал-калимут таййиб”-и Ибни Таймия, с 73. Ин ҷо Ибни Таймия чизеро, ки ба ақидаи худаш (ва ба хусус пайравонаш) ширк аст, аз ҷумлаи чизҳои хуб ва покиза баршумурда ва дар ин китобаш, ки “Калимаҳои покиза” ном дорад, ин ду хабарро ворид кардааст.
Ҳамаи ин суханони Ибни Таймия далолат бар ин мекунад, ки ӯ бинобар ақидаи худаш (ва ба хусус пайравонаш) бояд аз мушриктарини мардум бошад. Чун хеле аз суханони ӯ, ки дар боло зикр шуд, назди худаш ва пайравонаш ширки маҳз аст. Агар ин суханон дар воқеъ назди ваҳҳобиҳо ширк аст, пас чаро Ибни Таймияро мушрик муаррифӣ намекунанд? Хонандаи азиз дар бораи ин суханони Ибни Таймия ва эътиқоди ваҳҳобиҳо дар мавриди ширк будани онҳо, хуб диққат бикунад.
Ҳамчунин хонандаи азиз таваҷҷӯҳ дошта бошанд, ки бинобар гуфтаи Ҳасан ибни Алии Саққофи шофеӣ дар ҳошияаш ба китоби “Байнӣ ва байна Аш-шайх Бакр” Ибни Таймия 69 сол умр ва зиндагӣ карда, вале издивоҷ накарда ва зан нагирифта ва ҳамчунин дар Шом, ки ба Макка хеле наздик аст, зиндагӣ карда, вале дар тӯли умраш хонаи Худоро зиёрат накарда ва ҳаҷ анҷом надодааст.