Иҳонат ба фиқҳ ва ширк хондани он
Чунон, ки баъзе аз уламои аҳли суннат ва ваҳҳобӣ гуфтаанд Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бо нисбати дурўғи бузург ба Худованди Мутаол ва Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва имомон ва муфассирин, фиқҳро ширк хонда ва ҳатто ширк донистани онро ба Худованди Мутаол ва … нисбат дода аст, ки дар зер бо матни сухани ў ки дар китобҳои худаш ворид шудааст ошно хоҳем шуд.
Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бо ишора ба ин ояи шарифа мегўяд:
اتَّخَذُوا أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ
(Яҳуду насоро) донишмандон ва роҳибони худро маъбудҳое дар баробари Худо қарор доданд. (сураи тавба ояти 31)
ﻓﺴـﺮﻫﺎ ﺭﺳـﻮﻝ ﺍﷲ (ص) ﻭ ﺍﻷﺋﻤﺔ ﺑﻌﺪﻩ، ﺑﻬﺬﺍ ﺍﻟﺬﻱ ﺗﺴﻤﻮﻧﻪ ﺍﻟﻔﻘﻪ،ﻭﻫﻮ ﺍﻟﺬﻱ ﺳﻤﺎﻩ ﺷﺮﻛﺎ ﻭﺍﺗﺨﺎﺫﻫﻢ ﺃﺭﺑﺎﺑـﺎ ﻻ ﺃﻋﻠـﻢ ﺑﻴﻦ ﺍﻟﻤﻔﺴﺮﻳﻦ ﻓﻲ ﺫﻟﻚ ﺍﺧﺘﻼﻓﺎ
Паёмбар ва имомон баъд аз он ҳазрат ин оятро ба ҳамин чизе, ки шумо номи онро фиқҳ гузоштаед, тафсир ва маъно кардаанд ва ҳамин фиқҳ аст, ки Худо онро ширк ва раб қарор додан, номидааст. Ман дар байни муфассирин ҳеҷ ихтилофе дар ин ки ин оят далолат бар ширк будани фиқҳ мекунад, суроғ надорам. (дар китоби Дураруссания фил кутубил Наҷдия, ҷ 3, саҳ 56.)
Хонандаи азиз диққат дошта бошем, ки аввалан: Ин матни арабӣ айни сухани Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб аст, ки мо онро аз китобе, ки ваҳҳобиҳо китоб ва рисолаҳои ўро ва дигар уламои ваҳҳобиро дар он ҷамъ кардаанд, зикр кардем.
Сониян: Базе аз уламои аҳли суннат ва ваҳҳобӣ суханоне гуфтаанд, ки дар зер бо онҳо ошно хоҳем шуд.
Солисан: таваҷҷўҳ мекунед, ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб чӣ гуна ба роҳатӣ ба Худованди Мутаол ва Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва имомону муфассирон чӣ тўҳмати бузургеро мезанад ва чӣ гуна ошкоро дурўғ мегўяд. Ва ин дурўғи бузургро ғайр аз ў касе дар таърих нагуфтааст.
Ибни Фарҳони моликӣ, ки худ аз уламои ваҳҳобӣ аст мегўяд: Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб гуфтааст: “Фиқҳ айни ширк аст”. Ибни Фарҳон мегӯяд: “Умедворам, ки дар фаҳми сухани Шайх хато карда бошам. Шайх (Ибни Абдулваҳҳоб) дар номае ба Ибни Исо, ки бар Шайх истидлол карда буд, ки ақидаи фуқаҳо ғайр аз ин аст, ки ту мӯътақидӣ, ба ояти каримаи “Иттахазу аҳбораҳум ва руҳбонаҳум арбобан мин дуниллоҳ” истидолол карда, гуфтааст: Расули Худо ва имомони баъд аз ӯ, ин оятро бар ҳамин чизе, ки шумо номи онро фиқҳ мегузоред, тафсир кардаанд.
Ва ин ҳамон чизест, ки Худованд онро (фиқҳро) ширк ва раб қарор додани ғайри Худо номидааст. Ман байни муфассирон хилофе дар мавриди ба ҳамин маъно будани ин оят надидам”. ( ба нақл аз китоби “Дурарус сания”, ҷ 2, саҳ 59. (Доиятун ва лайса набиян, саҳ. 94 ва 95).
Зайни Деҳлон мегӯяд: “Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳамеша мегуфт: “Бисёре аз фатвоҳои имомони чаҳор мазҳаб арзише надорад… . Ба уламои мазоҳиби чаҳоргона мегуфт: “Онҳо гумроҳ шудаанд ва мардумро низ гумроҳ карданд”… Ҳақ назди ӯ ҳар он чизе буд, ки бо ҳавою ҳавасаш мувофиқ бошад, ҳарчанд бо Қуръону аҳодис ва иҷмои уммат мухолиф бошад”. (“Ад-Дурарус сания фи рад алал ваҳҳобия”, с 42).
Тавҳиди воқеиро касе ғайр аз Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб нашинохта
Ибни Абдулваҳҳоб бо гумроҳ донистани уммати исломӣ мегўяд:
ﻭﺃﻧﺎ ﺃﺧﺒﺮﻛﻢ ﻋﻦ ﻧﻔﺴﻰ ﻭﺍﷲ ﺍﻟﺬﻯ ﻻ ﺇﻟﻪ ﺇﻻ ﻫﻮ ﻟﻘﺪ ﻃﻠﺒﺖ ﺍﻟﻌﻠﻢ ﻭﺍﻋﺘﻘﺪ ﻣﻦ ﻋﺮﻓﻨـﻰ ﺃﻥ ﻟﻰ ﻣﻌﺮﻓﺔ ﻭ ﺃﻧﺎ ﺫﻟﻚ ﺍﻟﻮﻗﺖ ﻻ ﺃﻋﺮﻑ ﻣﻌﻨﻰ ﻻ ﺇﻟﻪ ﺇﻻ ﺍﷲ ﻭﻻ ﺃﻋﺮﻑ ﺩﻳﻦ ﺍﻹﺳـﻼﻡ ﻗﺒـﻞ ﻫـﺬﺍ ﺍﻟﺨﻴﺮ ﺍﻟﺬﻯ ﻣﻦ ﺍﷲ ﺑﻪ ﻭﻛﺬﻟﻚ ﻣﺸﺎﻳﺨﻰ ﻣﺎ ﻣﻨﻬﻢ ﺭﺟﻞ ﻋﺮﻑ ﺫﻟـﻚ ﻓﻤـﻦ ﺯﻋـﻢ ﻣـﻦ ﻋﻠﻤـﺎﺀ ﺍﻟﻌﺎﺭﺽ ﺃﻧﻪ ﻋﺮﻑ ﻣﻌﻨﻰ ﻻ ﺇﻟﻪ ﺇﻻ ﺍﷲ ﺃﻭ ﻋﺮﻑ ﻣﻌﻨﻰ ﺍﻹﺳﻼﻡ ﻗﺒﻞ ﻫﺬﺍ ﺍﻟﻮﻗـﺖ ﺃﻭ ﺯﻋـﻢ ﻋـﻦ ﻣﺸﺎﻳﺨﻪ ﺃﻥ ﺃﺣﺪﺍ ﻋﺮﻑ ﺫﻟﻚ ﻓﻘﺪ ﻛﺬﺏ ﻭﺍﻓﺘﺮﻯ ﻭ ﻟـﺒﺲ ﻋﻠـﻰ ﺍﻟﻨـﺎﺱ ﻭ ﻣـﺪﺡ ﻧﻔﺴـﻪ ﺑﻤـﺎ ﻟﻴﺲ ﻓﻴﻪ؛
Ман дар бораи худам ба шумо хабар медиҳам. Ба Худое, ки ғайри Ў худое нест қасам мехурам, ки ман талаби илм кардам ва ҳар, ки маро мешинохт гумон мекард, ки ман соҳиби маърифат ҳастам ва ҳол он ки ман дар он замон (яъне пеш аз ин ақоиде, ки имрўз ошкор мекунам) маънои (ло илоҳа иллаллоҳ)-ро намедонистам ва пеш аз ин хайре, ки Худо имрўз ба ман насиб гардонид, дини Исломро намешинохтам. Дар байни устодонам низ ҳеҷ касе набуд, ки ин маъноро (ки имрўз ман дарк кардаам) дарк карда бошад.
Бинобар ин ҳар, ки аз уламо гумон кунад, ки пеш аз ин замон (пеш аз замони ў ва таълими ақоидаш ва мушрик донистани муслимин) маънои (ло илоҳа иллаллоҳ) ва ё маънои Исломро фаҳмида ва шинохта аст ва ё гумон кунад, ки касе аз устодонаш маънои онро фаҳмидаанд, ҳатман дурўғ гуфта ва мардумро фиреб дода ва худашро ба чизе сутуда, ки аҳли он нест. Бояд диққат дошта бошем, ки ин сухани Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳамаи уммати Ислом ва ҳатто Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳро дарбар мегирад чун чизҳоеро, ки ў инкор кардааст, Қуръон ва суннат иҷоза додааст ва ҳамаи уммати исломӣ мўътақид бар ҷоиз будани онҳо будаанд.
Боз Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб хитоб ба муслимин ва уламои замонаш мегўяд:
ﻭﺃﻧﺘﻢ ﺗﻘﺮﻭﻥ: ﺃﻥ ﺍﻟﻜﻼﻡ ﺍﻟﺬﻱ ﺑﻴﻨﺘﻪ، ﻓﻲ ﻣﻌﻨﻰ ﻻ ﺇﻟﻪ ﺇﻻ ﺍﷲ، ﻫﻮ ﺍﻟﺤﻖ ﺍﻟﺬﻱ ﻻ ﺭﻳﺐ ﻓﻴـﻪ، ﻓﻴﺎ ﺳﺒﺤﺎﻥ ﷲ ﺇﺫﺍ ﻛﻨﺘﻢ ﺗﻘﺮﻭﻥ ﺑﻬﺬﺍ، ﻓﺮﺟﻞ ﺑﻴﻦ ﺍﷲ ﺑـﻪ ﺩﻳـﻦ ﺍﻹﺳـﻼﻡ، ﻭﺃﻧـﺘﻢ ﻭﻣﺸـﺎﻳﺨﻜﻢ ﻭﻣﺸﺎﻳﺨﻬﻢ ﻟﻢ ﻳﻔﻬﻤﻮﻩ، ﻭﻟﻢ ﻳﻤﻴﺰﻭﺍ ﺑﻴﻦ ﺩﻳﻦ ﻣﺤﻤﺪ(ص) ﻭﺩﻳﻦ ﻋﻤﺮﻭ ﺑﻦ ﻟﺤﻲ، ﺍﻟﺬﻱ ﻭﺿـﻌﻪ ﻟﻠﻌﺮﺏ، ﺑﻞ ﺩﻳﻦ ﻋﻤﺮﻭ ﻋﻨﺪﻫﻢ ﺩﻳﻦ ﺻﺤﻴﺢ، ﻭﻳﺴﻤﻮﻧﻪ ﺭﻗﺔ ﺍﻟﻘﻠﺐ؛
Шумо иқрор доред: Сухане, ки ман дар бораи маънои (ло илоҳа иллаллоҳ) баён кардам ҳақ аст ва шакке дар он нест. Вақте ба ин маъно иқрор мекунед, пас касе ҳастед, ки Худо барои шумо дини Исломро баён кардааст, вале шумо (уламои аҳли суннат) ва устодонатон ва устодони устодонатон маънои онро нафаҳмиданд ва байни дини Муҳаммад ва дини Амр ибни Луҳай, ки барои араб дуруст кард, фарқ нагузоштед, балки дини Амр ибни Луҳай назди инҳо дини саҳеҳ аст ва онро риққати қалб ном мегузоранд. Дар китоби Дурарус сания фил кутубин Наҷдия, ҷ 10, саҳ 57, ва ҷ 13, саҳ 154.
Ибни Фарҳон низ ин ду сухани ўро дар китобаш нақл карда ва сипас мегўяд: Бешак ин такфири хеле равшани уламои бузург ва қозиёни Наҷд ва устодони онҳо ва устодони устодони онҳост, чӣ расад ба авомашон. Зайнӣ Деҳлон низ ба ин сухани Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар китоби худ ишора кардааст. Аммо Амр ибни Луҳай, ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб гуфт:
Муслимин ва уламои замонаш (ва биттабъ ҳамаи уммати Ислом) дини ўро саҳеҳтар аз дини Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ медонистаанд касе аст, ки Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар бораи ў фармудаанд: Амр ибни Луҳай аввалин касе буд, ки бутпарастиро ба Макка ва атрофи он овард ва дини ҳазрати Иброҳимро тағйир дод. Ў ба Шом сафар кард ва дид, ки мардум санг ва чўб насб карда ва онро мепарастанд, пас як санг аз он сангҳоро бардошт ва ба Макка овард ва ба Каъба насб намуд ва мардумро ба парастиши он даъват намуд.
Мусаннаф Ибни Абўшайба, ҷ8, саҳ 326 ва 338. Исобаи Ибни Ҳаҷар, ҷ 1, саҳ 258. Сираи набавия”-и Ибни Ҳишом, ҷ 1, саҳ 79. Таърихи Ибни Касир, ҷ 2, саҳ 236. Фатҳул борӣ, ҷ 6, саҳ 399.
Аввалан таваҷҷўҳ мекунед, ки инсон ба хотири ҷаҳлу ҳамоқат чӣ гуна роҳат бар уммати исломӣ чӣ нисбатҳои норавои бузургеро медиҳад. Сониян: Бинобар туҳмати Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳамаи муслимин мушрик буда ва бутпарастиро аз дини Ислом саҳеҳтар медонистаанд. Оё мумкин аст, ки дурўғгўӣ бузургтар аз ин ҳам бошад!?
Бояд таваҷҷўҳ дошта бошем, ки Исом Имод аз уламои Яман, ки аз раҳбарону мубаллиғини ваҳҳобият буда ва фориғут таҳсилидонишгоҳи Риёзи Арабистон аст ва сипас бо мутолиа аз ақидаи ваҳҳобият даст кашида, мегўяд: Мо дар донишгоҳ сираи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро ба ҷои сираи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва ё ба монанди сираи он ҳазрат мехондем ва душманони Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро кофиртар ва мушриктар аз душманони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва аз Абўҷаҳл ва Абўлаҳаб ва… медонистем.
Нақди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб аз дарун, навиштани Исом ал-Имод, аз уламои Яман. Ин эътиқодот бар асари ин аст, ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар китобҳои худ гуфтааст: Касоне, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бо онҳо мубориза кард дорои ақли солимтар ва ширки пинҳонтар аз мушрикони (муслимини) замони мо буданд. Кашфуш шубаҳоти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, саҳ 43.
Боз мегўяд: Ширкварзии кофирони қурайш камтар аз ширкварзии бисёре аз мардуми (мусулмонони) имрўз аст.
ваҳҳоб
ён ки имрўза ин суханони раҳбарашонро бо улгу қарор додани равишу амалҳои вай мехонанд ва устодонашон онро бо ифтихор барояшон бозгў мекунанд имкон дорад, ки муслиминро кофир надонанд? Бинобар ин пинҳон доштани ваҳҳобият такфири муслиминро ҷуз аз рўи тақия нахоҳад буд.
Ибни Абдулваҳҳоб дар номае хитоб ба Сулаймон ибни Суҳайм, яке аз уламои ҳанбалӣ менависад: “Ман бароят ёдоварӣ менамоям, ки ҳатман ту ва падарат ба ширку куфр ва нифоқ исрор мекунед. Ту ва падарат шабу рӯз дар душманӣ бо ин дин саъю кӯшиш мекунед. Ҳатман ту бо илме, ки дорӣ, марди гарданкаш ва гумроҳ мебошӣ ва куфрро бар Ислом баргузидаӣ…” (“Ад-дурарус сания”, ҷ 10, саҳ 31).
Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар бораи Ибни Фирӯз (яке аз донишмандон) мегӯяд: “Ў куфри бузурге дорад, ки ӯро аз миллати Ислом хориҷ кардааст”. (“Ад-дурарус сания”, ҷ 10, саҳ 63). Ин дар ҳолест, ки худи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб Ибни Фирӯзро аз пайравони Ибни Таймия ва Ибни Қаййим хонда ва Заркалӣ дар бораи ӯ мегӯяд: “Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Фирӯз (вафотёфтаи 1216 ҳ. ) фақеҳи ҳанбалӣ аз аҳли Эҳсо. Шогирдону муридони бисёре дошт ва ба Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб интиқод (ва мухолифат) кард. Вақте кори Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб боло гирифт, ӯ ба Басра кӯч карду рафт ва он ҷо аз дунё рафт”. Ал-аълом”-и Заркалӣ, ҷ 6, саҳ 242. “Мӯъҷамул муаллифин”-и Умар Каҳола, ҷ 10, саҳ 245.
Вақте Аҳмад ибни Абдулкарим бо Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мухолифат кард, дар номае ба ӯ навишт: “Ту Ибни Ғаном ва дигаронро гумроҳ кардӣ ва аз миллати Иброҳим безорӣ ҷустӣ ва онҳоро бар худат гувоҳ гирифтӣ. Ту пайрави мушрикон ҳастӣ”. (“Ад-дурарус сания”, ҷ 10, саҳ 63).
Ибни Абдулваҳҳоб ҳар шаҳру диёреро, ки аз ӯ пайравӣ накунанд ва эътиқодоти ӯро қабул надошта бошанд, аз сарзаминҳои мушрикин ба ҳисоб меовард”. (“Ад-дурарус сания”, ҷ 10, саҳ 12-64-75-77-86). Ў дар бораи аҳли Макка чунин мегуфта: “Ҳатман дини онҳо ҳамон динест, ки Расули Худо барои тарсондани мардум аз он, мабъус шуд”.
Ибни Абдулваҳҳоб дар бораи мусулмонони замони худаш мегӯяд: “Бисёре аз аҳли ин замон аз маъбуд чизе ба ғайр аз Ҳубал, Яғус, Наср, Лот, Уззо ва Манот намешиносанд. Агар фаҳми дурусте медоштанд, мефаҳмиданд, ки мақомотеро, ки мепарастанд (муродаш зиёрати қабрҳост), аз қабили ибодати ҳамон бутҳост. (“Ад-дурарус сания”, ҷ 1, саҳ 117-120-160).
Ибни Абдулваҳҳоб мегӯяд: “Мо кофир намегӯем, магар касеро, ки даъвати ҳаққи мо ба ӯ расида ва далелу бурҳон ба ӯ равшан шуда ва ҳуҷҷат бар онҳо барпо шуда, вале бо ин ҳол, аз рӯи такаббур ва инод, бар ақидаи худ исрор меварзанд, ба монанди бештари касоне, ки мо имрӯз бо онҳо меҷангем. Инҳо ба ширк варзидани худ исрор доранд ва аз анҷоми воҷибот рӯй гардонда ва амалҳои ҳаром ва гуноҳони кабираро ошкоро муртакиб мешаванд… .” (“Ад-дурарус сания”, ҷ 1, саҳ 234). Аз ин сухан низ ин воқеият истифода мешавад, ки ваҳҳобият муслиминро кофир медонанд ба хусус уламоро.
Китобҳое, ки дар рад бар ақоиди ваҳҳобиён навишта шуда
Уламо ва донишмандони бисёре ва аз мазоҳиби мухталифи аҳли суннат дар радди ваҳҳобиҳо китобҳое навиштаанд. Инак, мехоҳем бо порае аз онҳо ошно гардем:
Китоби “Алваҳҳобияту фи назари уламоил муслимин” Китоби ба забони арабӣ ва таълифи Эҳсон Абдуллатифи Бакрӣ мебошад. Муаллиф дар он номи китобҳоеро, ки уламои аҳли суннат дар радди ваҳҳобиҳо навиштаанд ҷамъ оварда ва ҷойгоҳи аҳли суннат бо ваҳҳобиҳоро ёдовар шудааст. Мо порае аз матолиби ин китобро ба гунаи мухтасар зикр мекунем.
Муаллиф дар муқаддимаи китобаш гуфтааст: “Бародари мусулмон! Оё ҳақиқати ваҳҳобиятро мешиносӣ? Оё медонӣ, ки мазҳаби ваҳҳобиро Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби Наҷдӣ поягузорӣ кардааст? Оё медонӣ, ки ӯ ақоиди хешро аз Аҳмад ибни Таймия баргирифта аст? Оё медонӣ, ки ақоиди ӯ хориҷ аз мазҳаби чаҳоргонаи мо аҳли суннат мебошад? Оё инҳоро медонӣ, ё не?
Сипас оё медонӣ, ки мазҳаби чаҳоргонаи мо аҳли суннат, ҳукм бар гумроҳӣ ва берун аз роҳи мӯъминин будани пешвои ваҳҳобиҳо ва пайравонаш кардаанд? Ҳамоно Худованд мефармояд:
وَمَنْ يُشَاقِقِ الرَّسُولَ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُ الْهُدَى وَيَتَّبِعْ غَيْرَ سَبِيلِ الْمُؤْمِنِينَ نُوَلِّهِ مَا تَوَلَّى وَنُصْلِهِ جَهَنَّمَ وَسَاءَتْ مَصِيرًا
“Касе, ки баъд аз ошкор шудани ҳақ, бо Паёмбар мухолифат кунад ва аз роҳе ғайр аз роҳи мӯъминин пайравӣ намояд, Мо ӯро ба ҳамон роҳе, ки меравад мебарем ва ба дӯзах дохилаш мекунем, ки ҷойгоҳи бадест”. (Сураи Нисо, ояти 115). Чӣ рост фармуда Худои Бузург!
Оё медонӣ, ки уламои Макка бар мулҳид (мункири Худо) ва бадбахт будани Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳукм карда ва ӯро ба хабис будан, беҳаёӣ, кӯриву гумроҳӣ, таҳрифу дурӯғгӯӣ ва тӯҳмат бастан ба Худо ва куфр бар Қуръон васф карда ва борҳо ӯро лаънат кардаанд? Оё инҳоро медонӣ, ё на?
Оре, ҳамаи инҳоро ёвари ҳақ Шоҳ Фазл Расули Қодирӣ дар китоби “Сайфул ҷаббор ал-маслул ало аъдоил аброр” (ки дар Туркия соли 1979 дар маншуроти бародари мусулмони боғайрат Ҳусайн Ҳалимии Истанбулӣ ба чоп расидааст) ошкор сохтааст. Аллома ва нобиғаи Ироқ (ба иҷмоъ ва иттифоқи ҳамагон) Шайх Ҷамил Афандии Сидқии Зуҳовӣ дар китоби бо арзишаш“Фаҷрус содиқ” (дар тарҷумаи ҳоли Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, с. 17) менависад:
“Ибни Абдулваҳҳоб дар ибтидо толиби илм буд ва ба Макка ва Мадина барои илм гирифтан аз уламои он ҷо, рафту омад мекард. Аз ҷумлаи касоне, ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар Мадина аз ӯ илм гирифт, Шайх Муҳаммад ибни Сулаймони Курдӣ ва Шайх Муҳаммад Ҳаёти СанУдай буданд.
Ин ду устоди ёдшуда ва ғайри инҳо аз устодоне, ки ӯ аз онҳо илм гирифта буд, дар вуҷуди ӯ нишонаҳои гумроҳӣ ва илҳодро мушоҳида карда, мегуфтаанд: “Ба зудӣ Худованд ин мардро гумроҳ мекунад ва ба василаи ӯ касонеро, ки бадбахт қарор дода низ гумроҳ мекунад”. Ва кор низ ҳамин гуна шуд, ки инҳо гуфта буданд. Падараш Абдулваҳҳоб, ки аз олимони солеҳ буд, дар ӯ нишонаҳои илҳодро мушоҳида мекард ва мардумро аз ӯ барҳазар медошт. Бародараш Шайх Сулаймон дар радди бидъатҳо ва ақоиди ботили ӯ китобе навишт”.
Сипас Бакрӣ дар ҷои дигаре аз китобаш мегӯяд: “Оё медонӣ, ки Исмоилпошои Бағдодӣ дар китоби “Ҳадятул орифин” (ҷ. 2, саҳ 350, чопи 1951 дар Истанбули Туркия) китоберо аз Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ном бурда, ки ӯ дар он, дар бораи масъалаҳое бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳ) ва саллам) мухолифат кардааст? Ва мухолифат бо Паёмбар, нишонаи душманӣ бо он ҳазрат мебошад”.
Баъд аз ин муқаддима, нависанда шурӯъ мекунад ба муаррифии китобҳое, ки дар радди ваҳҳобият ва ақоиди ботили Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб нигошта шудааст. Ва он китобҳо иборат
ҳастанд аз: “Фаслул хитоб фир рад ало Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб” (таълифи Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб, бародари Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб); “Сайфул ҳиндӣ фи ибодати тариқати шайхун наҷдӣ” (таълифи Шайх Абдуллоҳ ибни Исои Санъонӣ); “Мисбоҳул аном” (таълифи Алавӣ ибни Аҳмади Ҳаддод) “Сайфул ботир” (таълифи Алавӣ ибни Аҳмади Ҳаддод); “Фаслул хитоб фи радди залолоти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб” (таълифи Аҳмад ибни Алии маъруф ба Қубонӣ); “Шавоҳидул ҳақ фит тавассул би сайидил халқ” (таълифи Шайх Юсуфи Набаҳонӣ); Китобе аз Муҳаммад ибни Сулаймони Курдии Шофеӣ соҳиби ҳавошии “Шарҳул мухтасар” ва устоди Муҳаммад ибни
Абдулваҳҳоб. Заркалӣ дар бораи Муҳаммад ибни Сулаймони Курдии Шофеӣ мегӯяд: “Муҳаммад ибни Сулаймони Курдӣ (вафотёфтаи 1194 ҳ. ) дар замони худ фақеҳи шофеӣ дар сарзамини Ҳиҷоз буд. Дар Димишқ ба дунё омад ва дар Мадина зиндагӣ намуд ва то ҳангоми вафот, муфтии шофеиҳо буд”. (“Аъ- аълом”-и Заркалӣ, ҷ 6, саҳ 152).
Муҳаммад ибни Сулаймони Курдии Шофеӣ дар номае ба шогирди худ навиштааст: “Салом бар касе, киаз ҳақ пайравӣ кунад! Эй Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб! Ҳамоно ман ба хотири Худои Мутаол туро насиҳат мекунам, ки забонатро аз мусулмонон нигаҳ дорӣ. Агар аз касе шунидӣ, ки мӯътақид ба таъсири мустақил доштани истиғосашаванда дорад (яъне агар касе мӯътақид бошад, ки истиғосашаванда (масалан Паёмбар) бидуни қудрат ва ёрӣ и Худо худаш метавонад кӯмак кунад), ба чунин касе ҳақро бишносон ва бо далел бифаҳмон, ки ғайри Худо таъсири мустақил надорад. Агар рӯй нагардонид, худи ӯро кофир бишмор.
Роҳе бароят барои кофир хондани ҳамаи мусулмонон вуҷуд надорад. Ту ба танҳоӣ бо роҳу равиши ҳамаи мусулмонон мухолифат мекунӣ. Нисбати куфр додан ба касе, кибо ҳамаи мусулмонон мухолиф аст, сазовортар аст. Чун ӯ ғайри роҳи мусулмононро пеш гирифтааст. Худованд мефармояд: “Касе, кибаъд аз ошкор шудани ҳақ, бо Паёмбар мухолифат кунад ва аз роҳе ғайр аз роҳи мӯъминин пайравӣ намояд, Мо ӯро ба ҳамон роҳе ки меравад мебарем ва ба дӯзах дохилаш мекунем, ки ҷойгоҳи бадест”. (Сураи Нисо 115).
шояд ин мақола барои шумо муфид бошад.