Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб
Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб соли 1111 ҳиҷрӣ дар Уяйна (яке аз шаҳрҳои Арабистони Саудӣ) ба дунё омада ва соли 1206 ҳиҷрӣ аз дунё рафтааст. Ў касест, ки ақоид ва дидгоҳҳои Ибни Таймияро аз нав зинда кардааст. Муҳаммад Ибни Абдулваҳҳоб ҷангу куштори зиёдеро дар тўли ҳаёташ бароҳ андохта аст.
Ваҳҳобиҳо дар китобҳои худ сесад ҷиҳод барои вай бо мушрикин Арабистон баршумурда ва мегўянд: Паёмбари Акрам (с) 10 сол бо мушрикин ҷиҳод кард ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб 20 сол бо мушрикини Арабистон ҷиҳод намуд. Ваҳҳобиҳо мегўянд: Муҳаммад Ибни Абдулваҳҳоб бештар аз Паёмбар (с) ҷиҳод кардааст.
Баъзе аз эътиқодоти ваҳҳобият
Масалаи муҳиме, ки бояд муслимин аз он огоҳ бошанд ин аст, ки тамоми ин сесад ҷанге, ки Муҳаммад Ибни Абдулваҳҳоб анҷом дода (ва ба он номи ҷиҳоди бо мушрикин гузоштаанд), танҳо бо муслимин аз аҳли суннат буда ва бештари онҳо бо ҳанбалиҳо будааст.
Аз ин Ҷангҳои Ибни Абдулваҳҳоб дар китоби таърихи Наҷд, ба номи (Равзатул афкори вал афҳом лимуртод ҳолил имом ва теъдоду ғазавоти завил Ислом)навиштаи олими ваҳҳобӣ шайх Ҳусайн ибни Ғоним зикр шудааст метавон кофир ва мушрик будани ҳамаи муслимин аз дидгоҳи ваҳҳобиҳоро фаҳмид.
Бинобар ин вақте имрўза ваҳҳобиҳо мегўянд: Мо муслиминро кофир намедонем, ин дурўғ буда ва аз рўи тақия аст. Тақияе, ки худи онҳо онро нифоқ медонанд, вале бо ин вуҷуд худ дар баробари муслимин тақия карда ва ин эътиқоди худро аз муслимин пинҳод дошта ва ҳатто такзиб низ мекунанд.
Дар охири китоб хоҳем хонд, ки ваҳҳобиҳо чӣ гуна бар вуҷуди Ибни Абдулваҳҳоб ифтихор карда ва ўро улгуи худ қарор дода ва дар ҳаққаш ғулув мекунанд ва бо хондани китобҳо ва амалкарди ў худ низ чӣ гуна имрўза муслиминро дар саросари дунё ба қатл мерасонанд.
Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб аввалин мухолифи бародараш
Падар ва бародари Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб аз ҳамон рӯзҳои аввал бо ӯ ба мухолифат пардохта ва аз ақоидаш норозӣ будаанд. Бародараш Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб аз тарси ин ки мабодо бародараш ӯро накушад, аз назди ӯ фирор кард. Сулаймон аввалин касест, ки дар радди ақоиди ботили бародараш Муҳаммад ду китоб: “Ас-савоиқул илоҳия фир рад алал ваҳҳобия” ва “Фаслул хитоб фир рад ало Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб”ро навишт. Умар Каҳола мегӯяд:
“Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб поягузори мазҳаби ваҳҳобӣ буда, нависандаи ин ду китоб мебошад. Заркалӣ мегӯяд: “Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб бо бародараш ба мухолифат бархоста ва китобҳое дар ин маврид навишт, ки аз ҷумлаи онҳост “Ар-рад ало ман каффарал муслимина би сабабин назри ли ғайриллоҳ” (Рад бар он касе, ки мусулмононро ба хотири назр ба ғайри Худо кофир донистааст). (“Ал-аълом”-и Заркалӣ, ҷ 3, саҳ 130).
Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳамаи мусулмононро кофир мехонд, ба ин тӯҳмат, ки онҳо ба Паёмбар тавассул менамоянд ва бар қубури бузургони дин гунбаду боргоҳ месозанд ва ба зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мераванд ва Ибни Абдулваҳҳоб бо кӯмаки Муҳаммад ибни Сауд, амири “Даръия” (ки поягузори мамлакати Саудист) ба зодгоҳи худ Уяйна ҳамла карда ва хеле аз мардуми он ҷоро кушта ва хонаҳояшонро ғорат карда ва лашкариёнаш (ба монанди лашкари мавлояш Язид ибни Муовия) ба занони он шаҳр таҷовуз карданд. Сипас ба шаҳрҳои дигар низ ҳамла карда ва мардуми ҳар шаҳреро, ки ақоидашро қабул намекарданд, кушта ва он шаҳрро ғорат мекарданд.
Ваҳҳобиҳо аз ин гуна ғоратҳо ва мусулмонкушиҳо зиёд кардаанд, ки фақат ба як намунаи он ишора мекунем. Ҷамил Сидқии Зуҳовӣ дар бораи ҳамлаи ваҳҳобиҳо ба Тоиф менависад:
“Аз зишттарин корҳои ваҳҳобиён дар соли 1217 ҳиҷрӣ, қатли омми мардуми Тоиф аст, ки бар хурду калон раҳм накарданд, кӯдаки ширхорро дар рӯи синаи модараш сар буриданд, ҷамъиятеро, ки машғули таълими Қуръон буданд куштанд ва ҳатто гурӯҳеро, ки дар масҷид машғули хондани намоз буданд низ куштанд, китобҳоеро, ки дар байни онҳо миқдоре аз нусхаҳои Қуръон ва Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим ва дигар китобҳои ҳадис ва фиқҳ буд, дар кӯча ва бозор афканда, онҳоро поймол карданд.“Мӯъҷамул муаллифин”-и Умар Ризо Каҳола, ҷ 4, саҳ 269
.“Таърихи Наҷд”-и Олусӣ. “Савоиқул илоҳия”-и бародараш Сулаймон. “Фитнатул ваҳҳобия”-и Зайнӣ Деҳлон Зуҳовӣ аз бузургонест, ки китобҳои зиёде таълиф карда ва Заркалӣ он китобҳоро ном бурдааст. Ин сира ва равише буд, ки ваҳҳобиҳо бо пайравӣ аз Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар ҳамаи сарзаминҳои исломӣ, ки бо ақидаи онҳо мухолифат мекард, амалӣ менамуданд.
Имрӯз низ агар шумо хабарҳоро пайгирӣ кунед, мебинед, ки чӣ гуна ваҳҳобиҳо дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон мусулмононро ҳатто дар моҳи Рамазон, дар масҷид ва дар ҳоли намоз мекушанд. Ибни Обидин, ки аз бузургони уламои ҳанафист, дар ҳошияи “Раддул муҳтор” (4 с 449) таҳти унвони: “Матлабе дар мавриди хавориҷи замони мо, пайравони Абдулваҳҳоб” менависад:
… کما وقع فی زماننا فی اتباع ابن عبدالوهاب الذین خرجوا من نجد و تغلبوا علی الحرین و کانوا ینتحلون مذهب الحنابله ﻟﻜﻨﻬﻢ ﺍﻋﺘﻘـﺪﻭﺍ ﺃﻧﻬـﻢ ﻫـﻢ ﺍﻟﻤﺴـﻠﻤﻮﻥ ﻭﺃﻥ ﻣـﻦ ﺧـﺎﻟﻒ ﺍﻋﺘﻘـﺎﺩﻫﻢ ﻣﺸﺮﻛﻮﻥ، ﻭﺍﺳﺘﺒﺎﺣﻮﺍ ﺑﺬﻟﻚ ﻗﺘﻞ ﺃﻫﻞ ﺍﻟﺴﻨﺔ ﻭﻗﺘﻞ ﻋﻠﻤﺎﺋهم ﺣﺘﻰ ﻛﺴـﺮ ﺍﷲ ﺗﻌـﺎﻟﻰ ﺷـﻮﻛﺘﻬﻢ ﻭﺧـﺮﺏ ﺑﻼﺩﻫﻢ ﻭﻇﻔﺮ ﺑﻬﻢ ﻋﺴﺎﻛﺮ ﺍﻟﻤﺴﻠﻤﻴﻦ ﻋﺎﻡ ﺛﻼﺙ ﻭﺛﻼﺛﻴﻦ ﻭﻣﺎﺋﺘﻴﻦ ﻭﺃﻟﻒ
Чунон ки воқеъ гардид (чунин амре) дар замони мо дар мавриди пайравони (Ибни) Абдулваҳҳоб; онҳое ки аз Наҷд хориҷ шуда ва бар Ҳарамайн (Макка ва Мадина) сайтара пайдо намуданд. Онҳо ҳарчанд пайрави мазҳаби ҳанбалӣ ҳастанд, вале мӯътақиданд, ки танҳо онҳо мусулмон буда ва ҳар ки мухолифи эътиқодоташон бошад, мушрик аст.
Ва бо чунин эътиқоде куштани аҳли суннат ва уламои аҳли суннатро мубоҳ ва ҷоиз намуданд, то ин ки Худованд шавкату қудрати онҳоро шикаст ва шаҳрҳои онҳоро вайрон кард ва лашкари мусулмонон бар онҳо пирӯз гашт. Ва ин ҳодиса дар соли 1233 ҳиҷрӣ иттифоқ афтод”.
(“Ҳошияи Раддул муҳтор”-и Ибни Обидин, ҷ 4, саҳ 449).
Назари Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб дар бораи бародараш
Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб, ки аз уламои ҳанбалии он замон буда, дар бораи бародараш Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар китоби худ менависад:
ﻓﺈﻥ ﺍﻟﻴﻮﻡ ﺍﺑﺘﻠﻰ ﺍﻟﻨﺎﺱ ﺑﻤﻦ ﻳﻨﺘﺴﺐ ﺇﻟﻰ ﺍﻟﻜﺘﺎﺏ ﻭﺍﻟﺴﻨﺔ، ﻭﻳﺴﺘﻨﺒﻂ ﻣﻦ ﻋﻠﻮﻣﻬﻤـﺎ، ﻭﻻ ﻳﺒـﺎﻟﻲ ﺑﻤـﻦ ﺧﺎﻟﻔﻪ ﻭﺇﺫﺍ ﻃﻠﺒﺖ منه ﺃﻥ ﻳﻌﺮﺽ ﻛﻼﻣﻪ ﻋﻠﻰ ﺃﻫﻞ ﺍﻟﻌﻠﻢ ﻟﻢ ﻳﻔﻌﻞ ﺑﻞ ﻳﻮﺟﺐ ﻋﻠﻰ ﺍﻟﻨﺎﺱ ﺍﻷﺧﺬ ﺑﻘﻮﻟﻪ، ﻭﺑﻤﻔﻬﻮﻣﻪ، ﻭ ﻣﻦ ﺧﺎﻟﻔﻪ ﻓﻬﻮ ﻋﻨﺪﻩ ﻛﺎﻓﺮ. ﻫﺬﺍ، ﻭﻫﻮ ﻟﻢ ﻳﻜـﻦ ﻓﻴـﻪ ﺧﺼـﻠﺔ ﻭﺍﺣـﺪﺓ ﻣـﻦ ﺧﺼـﺎﻝ ﺃﻫـﻞ ﺍﻻﺟﺘﻬﺎﺩ، ﻭﻻ ﻭﺍﷲ ﻋﺸﺮ ﻭﺍﺣﺪﺓ ﻭﻣﻊ ﻫﺬﺍ ﻓﺮﺍﺝ ﻛﻼﻣﻪ ﻋﻠﻰ ﻛﺜﻴﺮ ﻣﻦ ﺍﻟﺠﻬﺎﻝ ﻓﺈﻧﺎ ﷲ ﻭﺇﻧﺎ ﺇﻟﻴﻪ ﺭﺍﺟﻌﻮﻥ. ﺍﻷﻣﺔ ﻛﻠﻬا ﺗﺼﻴﺢ ﺑﻠﺴﺎﻥ ﻭﺍﺣﺪ، ﻭﻣﻊ ﻫﺬﺍ ﻻ ﻳﺮﺩ ﻟﻬﻢ ﻓﻲ ﻛﻠﻤﺔ، ﺑﻞ ﻛﻠﻬﻢ ﻛﻔﺎﺭ ﺃﻭ ﺟﻬـﺎﻝ، ﺍﻟﻠﻬـﻢ ﺍﻫـﺪ ﺍﻟﻀﺎﻝ ﻭﺭﺩﻩ ﺇﻟﻰ ﺍﻟﺤﻖ؛
Мардум имрўз гирифтори касе шудаанд, ки ба Қуръон ва суннат худро нисбат медиҳад ва илмҳои Қуръон ва суннатро хориҷ мекунад ва аз мухолифони худ парвое надорад. Агар ба ў гуфта шавад, ки сухану бардоштатро бар уламо арза кун, ин корро намекунад, балки (мўътақид аст), ки барои муслимин воҷиб аст аз сухану бардошти вай пайравӣ кунанд ва ҳар, ки бо ў мухолифат кунад, пас вай назди ў кофир аст.
Ин дар ҳоле аст, ки ў ҳатто яке аз шароити аҳли иҷтиҳодро ҳам надорад. Ба Худо савганд, ки ў ҳатто як даҳум аз шароити иҷтиҳодро ҳам надорад ва бо ин ҳол сухани ў дар байни бисёре аз ҷоҳилон ривоҷ ёфтааст. Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиўн. Бо ин вуҷуд уммати исломӣ ҳамагӣ аз ў ибрози норизоятӣ мекунанд ва ў низ бар онҳо посухе надорад ва намедиҳад, балки ҳамаи уммати исломӣ назди вай кофир ва ё ҷоҳил ҳастанд. Худоё, шахси гумроҳро ҳидоят фармо ва ўро ба тарафи ҳақ баргардон.
Муҳаққиқони китобаш, ки гурўҳе аз уламо ҳастанд дар ҳошияи китоб мегўянд: Манзураш дар ин сухан бародараш Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб аст ва аммо такфираш мухолифонашро амри машҳуре аст, ки аз ў ба тавотуррасида аст ва ин воқеиятро ғайри Сулаймон низ гуфтаанд. (Фаслул хитоб, ҳошияи саҳ 26. Фаслул хитоб фир рад ало Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб навиштаи Сулаймони ибниАбдулваҳҳоб бародари раҳбари ваҳҳобият, саҳ25.
Байни Сулаймон ва бародараш чунин гуфту гўе пеш омадааст: Сулаймон ба бародараш Муҳаммад гуфт: Эй Муҳаммад, аркони Ислом чанд тост? Раҳбари ваҳҳобият гуфт: Панҷ тост. Сулаймон гуфт: ту онро шаш то кардӣ ва шашумини он ин аст, ки: Ҳар ки аз ту пайравӣ накунад мусулмон нест ва ин назди ту рукни шашум аз аркони Ислом аст. Ибни Фарҳони ваҳҳобӣ баъд аз нақли ин хабар мегӯяд:
Сухани Сулаймон ин ҷо лозимаи амалу эътиқоди ИбниАбдулваҳҳоб аст на ин ки ӯ чунин суханеро гуфта бошад. (саҳ 135). Даовӣ муновиин”-и Абдулазиз Абдулатиф саҳ 166. Мебинед, ки шахси ваҳҳобӣ ин суханро нақл мекунад ва агар ин суханро олими сунние ҳам нақл мекард, ҳатман ваҳҳобиҳо ӯро такзиб карда ва нависандаи онро муттаҳам ба дурӯғгӯӣ мекарданд.
Доиятун валайса набиян, саҳ 135. Бо ин китоб ва нависандааш дар охирикитоб ошно хоҳем шуд. Усмон ибни Мансури ҳанбалӣ низ гуфтааст: Вале ин мард итоату пайравӣ аз худашро рукни шашуми Ислом қарор дод. Боз Сулаймон дар китоби худ хитоб ба бародараш ва пайравони вай мегўяд:
ﻓﻜﻞ ﻫﺬﻩ ﺍﻟﺒﻼﺩ ﺍﻹﺳﻼﻣﻴﺔ، ﻋﻨﺪﻛﻢ ﺑﻼﺩ ﺣﺮﺏ ﻛﻔﺎﺭ ﺃﻫﻠﻬﺎ؟ ﻭﻛﻠﻬﻢ، ﻋﻨـﺪﻛﻢ، ﻣﺸـﺮﻛﻮﻥ ﺷﺮﻛﺎ ﻣﺨﺮﺟﺎ ﻋﻦ ﺍﻟﻤﻠﺔ؟ ﻓﺈﻧﺎ ﷲ، ﻭﺇﻧﺎ ﺇﻟﻴﻪ ﺭﺍﺟﻌﻮﻥ؛
Тамоми ин сарзаминҳои исломӣ назди шумо сарзамини ҷангӣ ва мардумаш кофир ҳастанд. Ҳамаи онҳо назди шумо мушрик ҳастанд ба ширке, ки соҳибашро аз Ислом хориҷ мекунад. Вой аз ин ақидаи аҷиб. Китоби Фаслул хитоб фир рад ало Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, саҳ 14. Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб боз ба мавзўъоте, ки бародараш Муҳаммад ба хотири он муслиминро кофир хонда ба монанди тавассул ва… ишора карда ва уламое монанди Аҳмад ибни Ҳанбалро ном бурда, ки он масъаларо ҷоиз донистаанд ва сипас мегўяд:
ﺃﺗﻈﻨﻮﻥ ﺃﻥ ﻫﺬﻩ ﺍﻷﻣﻮﺭ، ﺍﻟﺘﻲ ﺗﻜﻔﺮﻭﻥ ﻓﺎﻋﻠﻬﺎ، ﺇﺟﻤﺎﻋﺎ؟ ﻭﺗﻤﻀﻲ ﻗﺮﻭﻥ ﺍﻷﺋﻤﺔ ﻣﻦ ﺛﻤﺎﻧﻤﺎﺋﺔ ﻋﺎﻡ، ﻭﻣﻊ ﻫﺬﺍ ﻟﻢ ﻳﺮو ﻋﻦ ﻋﺎﻟﻢ ﻣﻦ ﻋﻠﻤﺎﺀ ﺍﻟﻤﺴﻠﻤﻴﻦ ﺃﻧﻬﺎ ﻛﻔﺮ ؟ ﺑﻞ ﻣﺎ ﻳﻈﻦ ﻫﺬﺍ ﻋﺎﻗﻞ ﺑـﻞ ﻭﷲ ﻻﺯﻡ ﻗﻮﻟﻜﻢ ﺃﻥ ﺟﻤﻴﻊ ﺍﻷﻣﺔ ﺑﻌﺪ ﺯﻣﺎﻥ ﺍﻹﻣﺎﻡ ﺃﺣﻤﺪ، ﻋﻠﻤﺎﺅﻫﺎ ﻭﺃﻣﺮﺍﺅﻫﺎ ﻭﻋﺎﻣﺘﻬﺎ، ﻛﻠﻬﻢ (ﻛﻔﺎﺭ) ﻣﺮﺗـﺪﻭﻥ ﻓﺈﻧﺎ ﷲ ﻭﺇﻧﺎ ﺇﻟﻴﻪ ﺭﺍﺟﻌﻮﻥ. ﻭﺍ ﻏﻮﺛﺎﻩ ﺇﻟﻰ ﺍﷲ، ﺛﻢ ﻭﺍﻏﻮﺛﺎﻩ ﺇﻟﻰ ﺍﷲ، ﺛﻢ ﻭﺍﻏﻮﺛﺎﻩ
Оё шумо таваҷҷўҳ доред, ки ин корҳое, ки шумо ба хотири он ҳамаи анҷомдиҳандаи онро кофир медонед аз 800 соле, ки имомон гузаштаанд аз ҳеҷ як олиме нақл нашуда аст, ки ин корҳоро куфр дониста бошад балки ҳеҷ оқиле чунин фикреро намекунад, ки ин корҳо куфр бошад. Балки ба Худо савганд лозимаи сухани шумо ин аст, ки ҳамаи уммати Ислом, баъд аз замони Аҳмад ибни Ҳанбал, аз уламо, ҳокимон ва мардум, кофир ва муртад ҳастанд.
Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиўн. Худоё, аз ту ёрӣ мехоҳам. Фаслул хитоб фир рад ало Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, саҳ 14. Ин танҳо баъзе аз суханони Сулаймон бародари раҳбари ваҳҳобият аст. Ад-дурарус сания”-и Зайнӣ Деҳлон, ҷ 1, саҳ 42. “Ал-фаҷрус содиқ”-и Зуҳовии Ҳанафӣ, с 18. “Ат-тавассул бин набӣ ва ҷаҳалатул ваҳҳобия”-и Абӯҳомид ибни Марзуқи Истанбулии Ҳанафӣ, с 245.
Базе аз ақоиди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб
Баъзе аз пайравони Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар назди ӯ мегуфтанд: “Ин асои ман беҳтар аз Муҳаммад (с) аст. Чун ман дар куштани мор ва дигар корҳое, аз асоям кӯмак мегирам ва фоида мебарам, вале Муҳаммад (с) мурдааст ва аслан наметавонад фоидае бирасонад”. Зайни Деҳлон3 ва дигарон мегӯянд: “Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб аз салавот фиристодан бар Паёмбар манъ мекард ва аз шунидани он азият мешуд. Дар шабҳои ҷумъа низ аз салавот фиристодан манъ мекард.
(Ҳол он ки дар аҳодис омада, ки салавот фиристодан дар шабҳои ҷумъа хеле фазилат дорад. ) Ва низ аз баланд салавот гуфтан дар болои манораҳо пешгирӣ мекард. Агар касе чунин мекард, ӯро ба сахтӣ иқоб мекард, ҳатто ӯ муаззини нобиноеро (ба ҳамин ҷиҳат) ба қатл расонид.
Ин муаззин шахси солеҳ ва дорои овози хубе буд. Ибни Абдулваҳҳоб ӯро аз салавот гуфтан бар Паёмбар (с) дар манора манъ кард, вале ӯ гӯш надод ва боз такрор кард. Пас ӯ дастури қатлашро дод ва ӯро куштаанд. Сипас гуфт: “Гуноҳи зани зинокор камтар аз касест, ки дар манора салавот мефиристад”.
Исмоил пошшои Бағдодӣ дар бораи Зайни Деҳлон мегӯяд: “Аҳмад ибни Сайид Зайни Деҳлон муфтӣ, раиси уламо, устоди суханварон ва шофеии маккӣ соли 1304 ҳиҷрӣ дар Мадинаи Мунаввара вафот ёфт. Аз ҷумлаи китобҳояш “Ад-дурарус сания фи рад алал ваҳҳобия” аст”. (“Ҳадятул орифин”-и Исмоилпошшо, ҷ 1, саҳ 191)
Заркалӣ мегӯяд: “Аҳмад ибни Зайнӣ Деҳлон фақеҳи маккӣ, таърихдон ва вафотёфтаи 1304 ҳиҷрӣ. Дар Макка таваллуд шуда ва амри тадрисро дар он ҷо бар ӯҳда дошт. Аз ҷумлаи китобҳояш рисолаест дар рад бар ваҳҳобиҳо”. (Ал-аълом, ҷ 1. С 129.) Умар Ризо Каҳола мегӯяд: “Зайни Деҳлони Маккии Шофеӣ фақеҳ, таърихдон, муфтии шофеиҳо дар Макка… . Аз ҷумлаи китобҳояш “Дурарус сания фи рад ало ваҳҳобия” аст”. (“Мӯъҷамул муаллифин”-и Умар Ризо Каҳола, ҷ 1. с 229.)
Зайни Деҳлон мегӯяд: “Вақте Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мардумро аз зиёрати қабри Паёмбар манъ кард, мардуми Эҳсо баромаданд ва он ҳазратро зиёрат карданд. Ин хабар ба ӯ расид. Сипас вақте баргаштанд, дастур дод, ки риши онҳоро битарошанд… Боре ба ӯ чунин хабар расид, ки гурӯҳе, ки аз пайравони ӯ набуданд, аз сарзамини дуре бо нияти зиёрати қабри Паёмбар ва ҳаҷ омада ва аз шаҳри “Даръия” гузаштанд. Баъзе аз он мардум шуниданд, ки Ибни Абдулваҳҳоб мегуфт:
“Роҳи ин мушриконро боз кунед, то ба Мадина бираванд, вале мусулмонон (яъне пайравонаш) ҳамроҳи мо бимонанд”. (“Ад-дурарус сания”, фи рад алал ваҳҳобия”-и Зайни Деҳлон, с 41).
Боз ҳам ӯ мегӯяд: “Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб пайравонашро аз хондани китобҳои фиқҳ ва тафсир манъ мекард. Ў бисёре аз он китобҳоро оташ зад. Ба пайравонаш иҷоза дод, ки Қуръонро ҳар кадом ба фаҳми худ тафсир кунад ва онҳо низ ин корро мекарданд, ҳатто агар чизе аз Қуръонро ҳифз ҳам набошанд. Он касе аз онҳо, ки Қуръонро наметавонист бихонад, ба дигарон мегуфт: “Ту ба ман бихон, то ман ба ту тафсир кунам”. Вақте мехонд, бо раъйи худ тафсир мекард”. (“Ад-дурарус сания”, фи рад алал ваҳҳобия”, с 41). Боз ҳам ӯ мегӯяд:
“Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бо иборатҳои мухталиф бисёр ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва саллам) иҳонат мекард, ба ин гумон, ки бо ин амалаш мехоҳад тавҳидро ҳифз кунад. Аз ҷумлаи он иҳонатҳо, ин аст, ки мегуфт:
“Паёмбар ториш аст”. “Ториш” дар луғати аҳли машриқ ба пайке (хаткашоне) гуфта мешавад, ки ӯро қавме ба сӯи қавми дигар фиристода бошад. Мақсуди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ин буд, ки Паёмбар ҳамлкунандаи номаҳое ҳастанд, яъне монанди “торише”, ки амир ё ғайри амир вайро ба назди қавме мефиристонад, то хабареро ба онҳо бирасонаду баргардад. Ва боз мегуфт:
“Ба достони Ҳудайбия назар кардам ва дар он чунину чунон дурӯғҳоеро ёфтам”. (“Ад-дурарус сания”, с 42). Лозим ба ёдоварист, ки чунин суханони Ибни Абдулваҳҳобро Абӯҳомиди Истанбулӣ низ дар китоби “Ат-тавассул бин-набӣ ва ҷаҳалатул ваҳҳобия” (с. 244 ва 245) ёдоварӣ намудааст.