Тарбият
Дар ҷаҳони имрӯза мавзӯи тарбияти кӯдакон яке аз асоситарин масалаҳои иҷтимоӣ ва аз пояҳои муҳими саодати башарият ба шумор меравад. Аз ин рӯ донишмандон дар бораи кӯдак аз назари равонӣ ва тарбиятӣ мутолиот ва таҳқиқоти амиқ анҷом дода ва китобҳои зиёдеро дар ин бора нигоштаанд. Ҳамчунин кишварҳои бузург ба манзури парвариши дуруст ва саҳеҳи ҷисму ҷони кӯдакон созмонҳои густардаеро ба вуҷуд оварда ва кӯдаконро аз ҳар ҷиҳат таҳти муроқибатҳои илмӣ ва амали қарор додаанд.
Аммо дар чаҳордаҳ қарн пеш рӯзгоре, ки башарият дар торикии ҷаҳлу нодонӣ ба сар мебурд, пешвои гиромиқадри Ислом ба арзиш ва аҳамияти парвариши кӯдак таваҷҷӯҳи комил дошта ва дар ҳамин росто омӯзишҳои лозимро ба пайравони худ омӯхтааст. Агар имрӯз, донишмандон тарбияти кудакро пас аз таваллуд ва зоданашон ва омадан ба ин ҷаҳонро мавриди таваҷҷӯҳ қарор додаанд, Ислом дар бораи асли издивоҷ, шароити ҳамсарон, чигунагии покии насл, шир додан, парвариши ҷисму ҷони кӯдак ва қадам ба қадам вазоифи мардумро баён кардааст.
Агар донишмандони имрӯзи ҷаҳон бисёре аз нукоти дақиқи равонӣ ва тарбиятии марбут ба барномаҳои парваришии кӯдаконро дар китобҳои илмии худ овардаанд, пешвоёни Ислом дар замонҳои пешин онҳоро ёдоварӣ ва дар ривоёти мазҳабӣ баён карда, худ низ дар рафторашон нишон додаанд.
Ҳадафи мо дар ин навиштор бар ду поя ва асос устувор аст:
- Ин ки тамоми мусалмонон, хусусан ҷавонон ва таҳсилкунандагони мо, ки гурӯҳи бешуморе аз ҷомеаро ташкил медиҳанд, аз ҷомеияти барнома ва дастуроти дини муқадаси Ислом ва арзишҳои амалии ин ойини осмонӣ огоҳ шаванд ва бо имон ва ақидаи устувортар аз он пайравӣ кунанд ва фиреби барномаҳои дигарро нахӯранд.
- Ин ки падарону модарон ба масъулияти мазҳабӣ ва милии худ дар тарбияти фарзандони хеш огоҳ шаванд то беҳтар битавонанд ба анҷоми ин вазифаи сангин ва ҳаётӣ иқдом кунанд, чаро ки бидуни шакку тардид бахши муҳиме аз гирифториҳои иҷтимоӣ ва олудагиҳои ахлоқӣ аз ҷаҳл ва бехабарӣ дар бораи анҷоми вазифа ба вуҷуд меояд.
Аз ин рӯ бар он шудем то сармашқи амалӣ барои касоне, ки мехоҳанд фарзандони солим аз назари ҷисмю рӯҳӣ тарбият кунанд, нишон диҳем.
Беҳтарин улгӯ ва сармашқ барои мусалмонон, пешвои гиромиқадри Ислом ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва ҷонишинони барҳаққи эшон мебошанд, ки мо ба гунаи комилан итминонбахш дар тамоми паҳлуҳои зиндагӣ метавонем аз онон сармашқ бигирем ва пайравӣ кунем, чаро ки ҳеҷ гуна хилофе дар пайравӣ аз он инсонҳои комил вуҷуд надоштааст, зеро он бузургворон дар паноҳи илоҳӣ мебошанд ва итоат аз онон дар ҳеҷ замон ва маконе бо мушкилот бархӯрд нахоҳад кард.
Ба умеди он ки башарият огоҳ шавад ва аз пешвоёни воқеӣ пайравӣ кунад ва пешвоёни козиб, дуруғин ва шайтониро раҳо созад, то аз ин тариқ битавонад ба саодати дунё ва охират даст ёбад.
Ин навиштор аз ду бахш ташкил ёфтааст.
- Рафтори Паёмбар (с) бо кӯдакон, ки дорои панҷ фасл ва ҳар фасл дорои чанд унвон мебошад.
- Рафтори Паёмбар (с) бо ҷавонон, ки дорои чаҳор фасл ва ҳар фасл чандин унвон дорад.
«Ба фарзандони худ эҳтиром гузоред ва бо одоб ва равиши писандида бо онҳо рафтор кунед. »
Аҳамияти тарбият
Фарзанд аз аввали таваллуд шуданаш то он гоҳ, ки аз муҳити хонавода ҷудо мешаванд ва зиндагии муштаракеро бо дигарон оғоз мекунад, ду давраи тарбиятиро бояд бигзаронад:
- Даврони кудакӣ, ки аз як то ҳафт солагиро шомил мешавад ва ин замоне аст, ки кӯдак омодагии чандоне барои тарбияти мустақим надорад, чаро ки ӯ дунёи худро намешиносад.
- Аз ҳафт то чаҳордаҳсолагӣ, ки дар ин давра ақл ба тадриҷ рушд мекунад ва барои фаъолиятҳои фикрӣ омода мешавад ва метавонад биёмӯзад ва таълим бубинад.
Дар даврони аввал, тарбият бояд ғайри мустақим бошад ва ҳеҷ гоҳ амр ва наҳйи тарбиятӣ набояд бо фишори рӯҳӣ ҳамроҳ бошад, балки кӯдак аз тариқи атрофиёни худ бо адаб ва тарбият ошно мешавад ва дар асл пояҳои нахусти ахлоқии вай пайрезӣ мегардад ва аз муҳити худ хотираҳои хуб ва рафторҳои муносибро дар зеҳни худ сабт мекунад. Дар давраи дуввум низ, набояд кӯдакро озод гузошт ва хатоҳои ӯро нодида гирифт, балки бояд аз беадабиҳои вай пешгирӣ кард. Назм ва инзиботро ба вай омӯхт ва аз бозигӯшӣ ва беҳудагузаронии вақти ӯ пешгирӣ ва ӯро ба корҳои ибодӣ ва некӯйӣ ташвиқ кард.
Мутаасифона бештари мардум намедонанд, ки тарбияти фарзандони худро аз чӣ замоне бояд шурӯъ кунанд. Баъзе аз падару модарон бар ин боваранд, ки тарбият пас аз тамом шудани шашсолагӣ ва бархе мегӯянд оғози тарбият аз сесолагӣ аст.
Аммо ин андешаҳо иштибоҳ аст, зеро ҳангоме, ки сесолагии кӯдак тамом шуд 75 % сифоти хуб ва бад дар кӯдак ба вуҷуд меояд. Баъзе аз равоншиносон бар ин боваранд, ки тарбияти кӯдак аз ҳамон рӯзи аввали таваллуд аст. Аммо баъзе дигар то андозае эҳтиёт мекунанд, ки шурӯи тарбияти кӯдакро аз рӯзи аввали моҳи дуввуми зода шудани кӯдак медонанд, аммо дар таҳқиқоти амалии дақиқ дар донишгоҳи Чикаго ба ин натиҷа расиданд, ки:
Ҳар кӯдаки солим тақрибан сатҳи ҳӯши худро 50% дар чаҳорсолагӣ, 30% дар ҳаштсолагӣ ва 20% дар ҳабдаҳсолагӣ ба даст меорад. Пас ҳар кӯдаки чаҳорсола 50% қудрати ҳуш дорад ва тағйироти байни 3 то 4 солаги бештар ва муҳимтар аз тағйироти байни 8 то 9 солагӣ мебошад.
Барои тарбияти кӯдак аз куҷо шурӯъ кунем
Паёмбар сармашқи мардум аст
Худованд дар Қуръон мефармояд:
»لقد كان لكم في رسول ا لله اسوة حسنة«
«Дар воқеъ Расули Худо (с) барои шумо беҳтарин сармашқ ва пешвое аст,ки метавонед аз вуҷудаш баҳраманд гардед.»
Расули гиромии Ислом дар тӯли таърих бузургтарин сармашқи башарият будааст, зеро пеш аз ин ки бо гуфтори худ мураббӣ ва роҳнамои мардум бошад, бо рафтори шахсии хеш беҳтарин тарбияткунанда ва роҳбар буд.
Шахсияти Паёмбар (с) намунае барои як рӯзгор, як насл, як миллат, як мазҳаб ва як макони хос намебошад, балки як идеали ҷаҳонӣ ва ҳамешагӣ барои тамоми мардум дар ҳамаи замонҳост.
Мо дар ин ҷо бо таваҷҷӯҳ ба гувоҳии мадорики муътабар, ба рафтор ва шеваҳои амалии Расули гиромӣ (с) дар бораи кӯдакон ва ҷавонон мепардозем.
Барои он ки омӯзишу тарбият фоиданок бошад, бояд хеле зудтар тарбиятро аз он чи умуман имрӯз фикр мекунанд шурӯъ кард, яъне аз ҳамон ҳафтаҳои пас аз таваллуд. Нахуст бояд фақат ба масоили физиологӣ ва пас аз як сол ба масоили равонӣ таваҷҷӯҳ шавад.
Як нуқтаи қобили зикр ин аст, ки арзиши замон барои кӯдак яксон нест, зеро муддати як рӯз дар яксолагӣ ба маротиб тӯлонитар аз як рӯз дар даврони сесолагӣ мебошад. Ва шояд шаш баробар бештар аз ҳаводиси физиологӣ ва равониро шомил шавад. Бинобар ин набояд чунин даврони пурмояи кӯдакиро бидуни баҳрабардорӣ гузошт. Ба эҳтимоли зиёд дар тӯли шаш соли аввали зиндагӣ натиҷаи иҷрои муқарароти зиндагӣ қатъитар аст.
Ба ҳамин хотир аст,ки ҳазрати Алӣ (р) мефармояд:
«من لم يتعلم في الصغر لم يتقيم في الكبر»
«Касе ки дар кӯдакӣ чизе наёмӯзад, дар бузургӣ наметавонад бузургӣ кунад.»
Бинобар ин даврони кӯдакӣ беҳтарин замон барои фаро гирифтани роҳу равиши дурусти зиндагӣ мебошад. Зеро қудрати тақлиду иқтибос ва ёдгириӣ кӯдак бисёр шадид аст. Кӯдак дар ин замон тамоми ҳаракот, гуфтор ва рафтори атрофиёни худро бо тамоми диққат, монанди як филми аккосӣ дар худ сабт мекунад.
Аз ин рӯ ҳамзамон бо рушд ва такомули ҷисми кӯдак бояд равони ӯро ба роҳи дуруст ҳидоят кард, то сифоти писандида дар вуҷудаш қарор гирад, зеро кӯдаконе, ки ба шеваи дуруст тарбият нашудаанд, тағйири сифоти ахлоқии онон дар бузургсолӣ бисёр душвор мешавад.
Хушбахттарин ва саодатмандтарин афрод касоне ҳастанд, ки аз оғоз бо парвариши дуруст ва солим рушд ёфтаанду сифоти барҷаста ва арзишманд овезаи гӯш ва ҷони онон шудааст.
Бархе аз донишмандон, кӯдакро ҳамонанди ниҳоли наврустае донистаанд, ки боғбон ба осонӣ метавонад бо барномаҳои дуруст вазъи ӯро тағйир диҳад, вале касоне ки ҳамонанди дарахти куҳансол ба парваришҳои палид ва нописанд одат кардаанд, ислоҳи онон бисёр душвор аст. Касе, ки мехоҳад рафтори ин гуна афродро тағйир диҳад, бояд душвориҳои фаровонеро таҳаммул кунад.