Намоз дар тамоми адён будааст
Пеш аз Ҳазрати Муҳаммад (с) дар оини Ҳазрати Исо (а) ҳам намоз будааст, ки Қуръон аз забони ӯ нақл мекунад, ки Худованд маро ба намоз супориш кардааст. (сураи марям аяти 31)
Ва маро ҳар ҷо, ки бошам бобаракат гардонидааст ва маро то онгоҳ ки зинда бошам, ба намоз ва закот супориш кардааст; ва пез аз ӯ дар оини ҳазрати Мӯсо (а), ки Худованд ба ӯ хитоб мекунад. Дар ҳақиқат Ман Худ Худо ҳастам; маъбуде ҷуз Ман нест; пас Маро парастиш кун ва намозро барои ёди Ман ба по дор. Сураи Тоҳо ояти 14).
Қабл аз Мӯсо (а) падарзани ӯ Шуъайб (а) низ намоз доштааст.
Ва оё касе, ки аз ҷониби Парвардигораш далеле дорад ва аз тарафи Ӯ гувоҳе дар пайи он меояд ва пеш аз он китоби Мӯсо, ки пешво ва раҳмат буд [низ гувоҳ аст; мисли дигарон] аст? Онҳо ба он имон меоваранд ва ҳар кас аз ҳизбҳо ба он куфр варзад, пас ваъдагоҳаш оташ аст! Пас нисбат ба он дар шак мабош; ба таҳқиқ он ҳақ [ва] аз ҷониби Парвардигорат аст валекин бештари мардум имон намеоваранд. (сураи Ҳуд ояти 17).
Пез аз ҳамаи онҳо Иброҳим (а) аз Худованд барои худ ва зуррияаш тавфиқи барпоии намозро мехоҳад.
Парвардигоро! Ман ва фарзандонамро барподорандаи намоз қарор деҳ ва Парвардигори мо! Дуоямро бипазир. (сураи Иброҳим ояти 40).
Луқмон (а) ба фарзандаш мегӯяд: Писарам, намозро барпо дор ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар кун. Ҷолиб аст, ки маъмулан дар канори намоз супориш ба закот мешавад, вале чунки навҷавон маъмулан пул надорад, аз ин рӯ дар ин оят дар канори намоз ба ҷои закот ба амри маъруф ва наҳй аз мункар супориш шудааст.
Ҳеҷ ибодат ба андозаи намоз таблиғот надорад
Дар ҳар шабонарӯз панҷ намоз фарзӣ дорем ва дар ҳар намоз супориш ба азон ва иқома шудааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мақсад аз (фалоҳ) дар азон ҳамон намоз аст, аз ин рӯ ҳар мусалмоне дар ҳар шабонарӯз ҳафтод мартаба бо калимаи (ҳайя) ба худ ва дигарон, талқини шитоб ба сӯи намоз мекунад ва барои анҷоми ҳеҷ ибодате ин ҳама ҳаёҳу ва ташвиқ ворид нашудааст. Ба хусус, ки супориш шудааст, ки азонро баланд ва бо садои зебо бигӯед.
Азон шикастани сукут аст ва як давр идиулужик ва тафаккури ноб.
Азон суруди мазҳабист, бо иборати кутоҳ ва пурмуҳтаво.
Азон ҳушдор ба ғофилон аст.
Азон нишонаи боз будани фазои мазҳабист.
Азон ҳаёти маънавист.
Намоз бузурги ҳамаи ибодатҳост
Дар вақтҳои махсус, мисли шаби қадр, идҳои исломӣ ва ҳар шабу рӯзе, ки дорои фазилат ва арзиш аст ва барои он дуо, намоз ва маросими махсус ворид шудааст; мисли шаби мабъас, шаби милоди Паёмбар (с), шаби ҷумъа. Шояд натавон айёми муқаддасеро пайдо кард, ки намоз надошта бошад.
Намоз ва ҳиҷрат
Ҳазрати Иброҳим (а) мефармоянд:
Худовандо! Барои иқомаи намоз зуррияи худамро дар минтақаи хушк ва бе обу гиёҳ қарор додам.
﴿رَبَّنَا إِنِّي أَسْكَنْتُ مِنْ ذُرِّيَّتِي بِوَادٍ غَيْرِ ذِي زَرْعٍ عِنْدَ بَيْتِكَ الْمُحَرَّمِ رَبَّنَا لِيُقِيمُوا الصَّلَاةَ فَاجْعَلْ أَفْئِدَةً مِنَ النَّاسِ تَهْوِي إِلَيْهِمْ وَارْزُقْهُمْ مِنَ الثَّمَرَاتِ لَعَلَّهُمْ يَشْكُرُونَ﴾
Парвардигори мо! Ҳамоно ман баъзе аз фарзандонамро дар водии безироат, назди хонаи муҳтарами Ту, сокин сохтам. Парвардигори мо! То намозро барпо доранд; пас дилҳои гурӯҳе аз мардумро ба сӯи онҳо гароиш деҳ ва аз меваҳо ба онон рӯзӣ деҳ, то шояд онҳо шукргузорӣ кунанд. (сураи Иброҳим ояти 37)
Оре, Иброҳим (а) барои иқомаи намоз ба Макка омад, то Каъбаро ба унвони қиблаи намоз гузорон таҷдиди бино кунад ва сипас мардумро ба ҳаҷҷ даъват намояд. Гуё намоз ба сӯи Каъба, беш аз тавоф ба даври Каъба, дар назари Ироҳим (а) ҷилва кардааст!
Тарки ҷаласа
Яке аз адёне, ки номаш дар Қуръон омадааст, собиин ҳастанд, ки ба ҳазрати Яҳё (а) гароиш доранд ва барои ситорагон таъсире қоиланд. Намоз ва маросими вижае доранд ва ҳанӯз дар Хузистони Эрон гурӯҳе аз онон ҳастанд. Ин фирқа раҳбари донишманд вале мағрур доштанд, ки борҳо бо Имом Ризо (р), ки яке аз авлодони Паёмбар (с) аст, гуфтугӯ кард, вале Исломро қабул намекард.
Дар яке аз маҷлисҳо, Имом Ризо (р) истидлоле кард, ки ӯ таслим шуд ва гуфт: акнун рӯҳи ман нарм шуд ва ҳозирам дини туро бипазирам. Ногаҳон садои азон баланд шуд. Имом Ризо (р) ҷаласаро тарк кард, мардум гуфтанд: фурсати ҳассосе ҳаст, чунин фурсате пеш намеояд. Имом (р) фармуданд: Аввал намоз !
Ӯ ки ин таъаҳудро аз Имом (р) дид алоқааш бештар шуд. Баъд аз намоз гуфтугӯяшро комил кард ва имон овард.
Намози аввали вақт миёни ҷанг
Ибни Аббос мегӯяд, ки ҳазрати Алӣ (кр) гоҳе дар миёни ҷанг ба осмон нигоҳ мекард.
Боре нафаре пеш омаду пурсид: чаро ба осмон нигоҳ мекунед?
Ҳазрат фармуданд: Барои ин, ки намози аввали вақт аз дастам наравад.
Гуфт: Алон шумо дар ҳоли ҷанг ҳастед. Ҳазрат фармуданд: Аз намози аввали вақт набояд ғафлат шавад, ҳатто дар майдони ҷанг.
Он ҷо ки хоб аз муноҷот беҳтар аст
Рӯзе Расули акрам (с) намози субҳро бо ҷамоат хонданд, вале диданд, Алӣ (кр) ба масҷид наёмадааст. Ҳазрат (с) дари хонаи Алӣ (кр) рафтанду пурсиданд: чаро Алӣ (кр) дар ҷамоат ширкат накарданд?! Ҳазрати Фотима (а) фармуданд: Алӣ (кр) дишаб то субҳ муноҷот дошт ва субҳ аз хастагӣ намозро дар манзил хонд.
Ҳазрат (с) фармуданд: Ба ӯ бигӯед ба ҷои муноҷоти тулонӣ миқдоре бихобанд вале намози ҷамоатро аз даст надиҳад.
Оре хобе, ки муқаддимаи ҷамоат бошад, беҳтар аз муноҷоте аст, ки сабаби нарафтан ба ҷамоат шавад.