Ҳамоно ин Қуръон ба он [роҳе] ки он устувортар аст, ҳидоят мекунад ва ба мӯъминоне, ки корҳои шоиста анҷом медиҳанд, башорат медиҳад, ки барои онҳо подоши бузургест. "Исро ояти 9"

Нифоқ

Нифоқ

Маънои луғавӣ ва истилоҳии нифоқ

Решаи Нифоқ

Решаи нифоқ ба маънои »пинҳон кардани куфр ва зоҳир кардани имон« аст. Истеъмоли нифоқ ба ин маъно аввалин бор дар Қуръон омада ва араби қабл аз Ислом онро ба ин маъно ба кор набурдааст. Ибни Асир менависад:

«وهوَ اسْمٌ لـَم يَعرِفْهُ العربُ بِالمعْنى الـمَخْصوصِ، وَهوَ الذي يَسْتـُرُ كفْرَهُ ويُظْهرُ إيـمَانَهُ»

«Нифоқ исме аст, ки араб онро ба маънои махсусе ба кор набурдааст. Нифоқ ба ин маъно аст, ки мепушонад куфрашро ва ошкор мекунад имонашро». Ниҳояи ибни Асир, вожаи »н.ф.қ« ва низ: Лисон-ул-араб, ҷ.10, саҳ. 359.

Барои ин маънои нифоқ чаҳор решаи луғавӣ эҳтимол дода мешавад: Як эҳтимол он аст, ки »нафақ« ба маънои аз байн рафтан ва ҳалок шудан гирифта шуда бошад, »нафақат-уд-добб« ба маънои аз байн рафтан ва ҳалок шудани ҳайвон аст. Муносибати ин маъно бо нифоқ он аст, ки мунофиқ ба хотири нифоқаш ба монанди мурдае аст, ки аз байн меравад.

Эҳтимоли дуюм он аст, ки аз решаи

«نفقَتِ السِّلعَةُ إذَا رَاجَتْ وَكثُرَ طُلاَّبـُهَا»

«Колое, ки талабгоронаш зиёд шаванд ноёб мешавад».

гирифта шуда бошад. Барои колое, ки ривоҷ пайдо кунад ва талабгори зиёд дошта бошад, вожаи нафақа ба кор меравад. Бар ин асос иртиботи решаи луғавӣ бо мафҳуми истилоҳии нифоқ он аст, ки мунофиқ дар зоҳир Исломро ривоҷ медиҳад.

Эҳтимоли дигар он ки аз вожаи »нафақ« ба маънои »тунели зери заминӣ гирифта« шуда бошад:

«النَّفَقُ سِرْبٌ فِي الأرْضِ لهُ مَـخْلَصٌ إلى مَكانٍ».

Мувофиқи ин реша мунофиқ ҳамонанди касе аст, ки дохили ин тунел ҳаракат ва дар пӯшиши Ислом худро ҳифз мекунад, вале дар ҳақиқат мусулмон нест.

Чаҳорумин эҳтимол он аст, ки аз решаи »нофақо« гирифта шуда бошад. Муши саҳроӣ барои лонаи худ ду роҳ қарор медиҳад: яке дар ошкор ки номаш ба арабӣ »қосао« аст ва дигари махфӣ буда ва номаш »нофақо« аст. Ҳангоми эҳсоси хатар аз тариқи роҳи ошкор ворид мешавад ва аз дари пинҳонӣ фарор мекунад. Бар асоси ин эҳтимол дар решаи вожаи нифоқ, мунофиқ пайваста ду роҳи хуруҷӣ дорад ва дар имон собит қадаму устувор нест. Гарчи роҳи ҳақиқиаш куфр аст, аммо бо изҳори Ислом худро аз хатар наҷот медиҳад.

Ду эҳтимоли аввал, яъне иштиқоқ нифоқ аз »нафақ» ба маънои ҳалок шудан ё ривоҷ ёфтан мавриди тасдиқи луғатдонон нест, лизо бояд аз онҳо сарфи назар кард. Аммо ин ки байни эҳтимоли сеюму чаҳорум кадом як решаи аслӣ аст ниёзманди баҳси бештаре хоҳад буд.

Аз ҷамъбандии эҳтимолот ин нукта равшан мешавад, ки дар маънои »Нифоқ» ду реша қатъан вуҷуд дорад: асли дурӯӣ ва асли махфикорӣ.

Аз ин рӯ дар тарҷумаи нифоқ ба форсӣ бояд дар канори дурӯӣ пинҳонкориро илова кард. Мунофиқ касе аст, ки дурӯ буда ва ин сифати хешро пинҳон мекунад.

 Маънои нифоқ дар Қуръон ва ривоёт

Нифоқ дар Қуръон ва ривоёт ба ду маъно ба кор рафтааст:

1- Аввалин маънои нифоқ дар Қуръон ва ривоёт зоҳирро мусулмон нишон додан ва дар ботин кофир будан аст. Аз ин нифоқ ба »нифоқи эътиқодӣ« таъбир мешавад ва тақрибан мақсади Қуръон дар тамоми мавридҳое, ки калимаи »нифоқ«-ро ба кор бурдааст ҳамин маъност: ин ки шахсе дар зоҳир дам аз Ислом бизанад, аммо дар воқеъ кофир бошад.

Ояти якуми сури Мунофиқун ҳамин маъноро баён мекунад:

﴿إِذَا جَاءَكَ الْمُنَافِقُونَ قَالُوا نَشْهَدُ إِنَّكَ لَرَسُولُ اللهِ وَاللهُ يَعْلَمُ إِنَّكَ لَرَسُولُهُ وَاللهُ يَشْهَدُ إِنَّ الْمُنَافِقِينَ لَكَاذِبُونَ﴾

“Ҳангоме ки мунофиқон назди ту меоянд мегӯянд: »Мо шаҳодат медиҳем, ки яқинан ту Расули Худоӣ« Худованд медонад, ки ту Расули Ӯ ҳастӣ, вале Худованд шаҳодат медиҳад, ки мунофиқон дурӯғгӯ ҳастанд (ба гуфтаи худ имон надоранд).” сураи мунофиқун ояти 1.

Дар сураи Нисо ҳолати ботинии мунофиқон ин гуна баён шудааст:

﴿وَدُّوا لَوْ تَكْفُرُونَ كَمَا كَفَرُوا فَتَكُونُونَ سَوَاءً﴾

Онҳо (мунофиқон) орзу мекунанд, ки шумо ҳам монанди эшон кофир шавед ва ба якдигар
баробар бошед.
 сураи нисо ояти 89.

Бар ин асос мумкин аст дар байн мусулмонон касоне бошанд, ки маҳз тазоҳур ба ислом карда ва дар ботин ба дин ва ҳақонияти он эътиқоде надоранд. Аммо ин ки »мақсади онҳо аз ин кор чист?« дар бахши таърихии нифоқ мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт. Кори ин гурӯҳ аз афрод нифоқ буда ва ба онҳо мунофиқ гуфта мешавад. Яқинан Ислом баъзе аз касоне, ки дар фатҳи Макка мусулмон шуданд, мисли Абӯсуфён аз ин гурӯҳ ҳастанд.

Ҳодисаҳои баъд аз Паёмбар ба хусус замони хилофати Усмон (рз) нишон дод, ки исломи онҳо тактикӣ буд ва баъдан бо нуфузи тадириҷӣ дар дастгоҳи хилофат ҳамон роҳи куфрро дар пӯшише аз Ислом пайгирӣ карданд то он ҷо ки Абӯсуфён дар даври хилофати Усмон (рз) канори қабри ҳазрати Ҳамза (рз) омаду гуфт: Эй Ҳамза! Исломе, ки то дирӯз бар сари он меҷангидем имрӯз ҳамонанди тӯб ба дасти фарзандони мо мегардад.

Абӯсуфён дар рӯзҳои нахустини хилофати Усмон (рз) дар маҷлисе, ки ҳизби умавён ширкат доштанд ба ҳозирин гуфт: Акнун пас аз Тайим ва Адӣ (ишора ба тоифаи Абӯбакру Умар (рз)) хилофат ба шумо расидааст онро монанди тӯп зери пои худ бигардонед ва пояи онро аз банӣ Умая интихоб намоед. Ин хилофат ҳамон ҳукумат ва раёсати башарӣ аст ва бидонед, ки ҳаргиз ба биҳишт ва дузахе имон надорам. Ал-исоба, ҷ.4, саҳ. 88.

Вақте Абубакр (рз) хилофатро ба даст гирифт, Абусуфён мехост бо таҳрики Алӣ (к) байни мусулмонон ба баҳонаи ғасби хилофат ихтилоф бияндозад, вале Алӣ (к) ӯро мешинохт. Даъвати ӯро напазируфт ва фармуд: Ту аз рӯзи аввал душмани Ислом ва мусулмонон будӣ! Дасти ӯро, ки барои байъати мунофиқона дароз карда буд рад намуда аз ӯ рӯ гардонд.

Дар ҳар сурат бешак Абусуфён аз касоне буд, ки Ислом дар дилу ҷонаш ҷой нагирифта буд ва танҳо изҳори ислом мекард.

 2- Дувумин маънои нифоқ, ки гоҳе дар ривоёт ба кор рафтааст »нифоқи ахлоқӣ« аст. Нифоқи ахлоқӣ ба маънои поёбанд набудан ба аҳкоми дин аст. Касе, ки шиори диндорӣ сар медиҳад, вале амалан дастуроти диниро риоят намекунад, гирифтори нифоқи ахлоқӣ аст. Албатта нифоқи ахлоқӣ гоҳ дар буъди фардӣ ва гоҳ дар буъди итҷтимоӣ аст.

Шахсе, ки аҳком ва арзишҳои фардии Исломро мавриди бетаваҷҷӯҳӣ қарор диҳад ба нифоқи ахлоқии фардӣ гирифтор аст. Касе аҳкоми иҷтимоию ҳуқуқии афроди ҷомеаро он чунонки Ислом дастур дода риоят накунад дучори нифоқи ахлоқии иҷтимоӣ аст.

Барои баёни навъҳои нифоқи ахлоқии фардӣ танҳо ба нақли чанд ривоят аз Аҳли Байти Паёмбар (а) басанда мекунем.

Ҳазрати Алӣ (а) фармуд:

«أَظهَرُ النَّاسِ نِفاقاً مَن أَمَرَ بِالطّاعَةِ وَلَـم يَعمَلْ بـِها وَنَـهَى عَن الـمَعْصِيَةِ وَلـَمْ يَنْتَهِ عَنْها».

«Ошкортарин нифоқи инсонҳо дар касе аст, ки ба итоат амр мекунад, вале худаш фармонбардор нест. Аз гуноҳ манъ мекунад ва худаш онро тарк намекунад».

Аз имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«ما زادَ خُشُوعُ الجَسَدِ على ما فِي القَلبِ فَهُوَ عِندَنا نِفاقٌ».

«Ҳар гоҳ хушӯи тан (ва зоҳир) беш аз хушӯи қалб (ва ботин) бошад ин ҳолат аз назари мо нифоқ аст».

Имоми Саҷҷод (а) дар бораи нифоқи ахлоқӣ мефармояд:

«إنَّ الـمُنافِقَ يَنْهَى وَلاَ يَنتَهِي ويَأمُرُ بـَمَا لا يَأْتِي… يـُمْسِي وَهَـمُّهُ العِشاءُ وَهُوَ مُفطرٌ، ويُصبِحُ وَهَـمُّهُ النَّومُ وَلَـم يَسهَرْ».

«Ҳамоно мунофиқ касе аст, ки аз коре манъ мекунад, вале худи ӯ аз он кор даст намекашад ва фармон медиҳад ба анҷоми он чи худ анҷом намедиҳад… рӯзашро шаб мекунад ва андӯҳе ғайр аз хӯрдани хӯроки шом надорад бо ин ки рӯз ҳам набуда ва чун субҳ бедор шавад андӯҳе ғайр аз хобидан надорад бо ин ки шаб бедор набудааст. (Мақсадаш хӯру хоб аст)».

Бар асоси ривоёти гузашта ва ривояти дигаре, ки дар ин замина вуҷуд дорад олими беамал ва шахси риёкор аз касоне ҳастанд, ки дучори нифоқи ахлоқии фардӣ ҳастанд.

Дар бораи нифоқи ахлоқии иҷтимоӣ низ ривоёти зиёде аз Аҳли Байт (а) нақл шудааст, ки чанд мавридро нақл мекунем.

Имом Зайнулобидин (а) фармуд:

«إنَ الـمُنافِقَ… إنْ حَدَّثَكَ كذِبَكَ، وَإنِ ائتَمَنْتَهُ خَانَكَ، وَإِنْ غِبْتَ اغْتابَكَ، وَإِنْ وَعَدَك أَخْلَفَكَ».

«Мунофиқ касе аст, ки … агар ба ту сухане бигӯяд, дурӯғ мегӯяд ва агар наздаш чизе ба амонат бигузорӣ хиёнат мекунад. Агар аз ӯ пинҳон бошӣ (ва назди ӯ ҳузур надошта бошӣ) аз ту айб (ва бадгӯӣ) мекунад ва агар ба ту ваъдае диҳад вафо намекунад».

Паёмбари Акрам (с) дар бораи сифатҳои нифоқи ахлоқӣ мефармояд:

«أربَعٌ مَنْ كُنَّ فيهِ فهُو مُنافِقٌ، وإن كانَتْ فيهِ واحِدَةٌ مِنهُنَّ كانَتْ فيهِ خِصْلَةٌ مِن النِّفاقِ حتَّى يَدَعَها: مَن إذا حَدَّثَ كَذَبَ، وَإذَا وَعَدَ أخْلَفَ، وإذا عاهَدَ غَدَرَ، وَإِذا خَاصَمَ فَجَرَ ».

«Чаҳор чиз аст, ки дар ҳар ки бошад мунофиқ аст ва агар дар касе яке аз онҳо бошад он шахс як сифат аз сифоти мунофиқинро дорад. Ҳангоме ки сухан мегӯяд дурӯғ бигӯяд ва он гоҳ ки ваъда диҳад вафо накунад ва агар паймоне бибандад паёмоншиканӣ кунад ва он гоҳ ки пирӯз шавад ба фуҷур бипардозад».

Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд:

«كَثْرَةُ الوِفاقِ نِفاقٌ».

«Мувофиқати шахс бо ҳамагон нишонаи нифоқи ӯст».

Инсони муъмин дар пайи мавзеи ҳақ аст ва касе, ки чунин мавзее дорад наметавонад бо ҳамагон, ҳатто онҳое, ки мавзеи ботил доранд ҳамроҳ бошад. Равшантарин бахши нифоқи иҷтимоӣ дурӯя будани шахс дар бархӯрдҳои иҷтимоӣ ва ҳамзистӣ бо дигарон аст. Ин ки инсон дар ҳузури касе аз ӯ таъриф кунад, аммо дар набудани ӯ бадгӯӣ кунад.

Рӯирост будан, садоқат ва рӯирост гуфтан аз хусусиёти муъминон аст ва танҳо дар мавриди хоссе монанд ҷанг ва асрори низомӣ, ислоҳи байни инсонҳо ё гурӯҳҳо ва ба таври куллӣ дар ҷое, ки маслиҳат муҳимтаре дар кор бошад, зарурати ростгӯӣ истисно шудааст.

Паёмбар Акрам (с) дар бораи оқибати ин навъ нифоқ мефармояд:

«مَنْ كانَ لَهُ وَجْهَانِ فِي الدُّنْيا كانَ لَهُ لِسَانانِ مِنْ نارٍ يَومَ القِيَامَةِ».

«Касе, ки дар дунё дурӯ бошад дар қиёмат ду забон аз оташ хоҳад дошт».

Имом Боқир (а) низ дар мазаммат ва муаррифии чеҳраи нифоқи ахлоқӣ мефармояд:

«بِئسَ العَبْدُ يَكونُ ذَا وَجهَينِ وَذَا لِسانَينِك يُطْرِي أَخاهُ شاهِداً وَيَأكلُه غائِباً؛ إنْ أُعْطِيَ حَسَدَهُ وَإِنْ إبْتُلِيَ خَذَلَهُ».

«Бандаи бад аст он кас, ки дурӯ ва дузабона бошад. Дар пеши рӯ аз бародари диниаш ситоиш ва дар набудаш бадгӯӣ кунад. Агар Худвоанд чизе ба ӯ дод бар ӯ ҳасад варзад ва агар мубтало ба мушкиле шуд ӯро танҳо гузорад».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

один × четыре =