Ҳамоно ин Қуръон ба он [роҳе] ки он устувортар аст, ҳидоят мекунад ва ба мӯъминоне, ки корҳои шоиста анҷом медиҳанд, башорат медиҳад, ки барои онҳо подоши бузургест. "Исро ояти 9"

Тарбияти Кӯдакон

Кӯдакон

Тарбияти Кӯдакон

Худованд дар Қуръон мефармояд:

»لقد كان لكم في رسول ا لله اسوة حسنة«

«Дар ҳақиқат Расули Худо (с) барои шумо беҳтарин сармашқ ва пешвое аст,ки метавонед аз вуҷудаш баҳраманд гардед.»Расули гиромии Ислом дар тӯли таърих бузургтарин сармашқи башарият будааст, зеро пеш аз ин ки бо гуфтори худ мураббӣ ва роҳнамои мардум бошад, бо рафтори шахсии хеш беҳтарин тарбияткунанда (ӯдакон) ва роҳбар буд.

Шахсияти Паёмбар (с) намунае барои як рӯзгор, як насл, як миллат, як мазҳаб ва як макони хос намебошад, балки як идеали ҷаҳонӣ ва ҳамешагӣ барои тамоми мардум дар ҳамаи замонҳост.

Мо дар ин ҷо бо таваҷҷӯҳ ба гувоҳии мадорики муътабар, ба рафтор ва шеваҳои амалии Расули гиромӣ (с) дар бораи кӯдакон ва ҷавонон мепардозем.

Шахсият додан ба кӯдак:

Дар дунёи имрӯза ба кӯдак бисёр аҳамият медиҳанд. Парвариши кӯдакон ва эҳтиром ба шахсияти онон дар хонавода ва иҷтимоъ мавриди тавҷҷӯҳи комили давлат ва миллат аст, аммо бо ҳамаи ин масоил, он андоза, ки пешвои мусалмонон ба тарбияти кӯдакон таваҷҷӯҳ доштааст, дунёи имрӯз ба он таваҷҷӯҳ надорад.

Агарчи, гоҳе ҳукмронон ва зимомдорони кишварҳои мутамаддин ба ятимхонаҳо ва кӯдакистонҳо мераванд ва як ду соатро бо онон мегузаронанду гоҳе бархе аз ононро дар оғӯш мегиранд ва аз ин саҳнаҳо аксҳо ва филмҳоеро таҳя мекунанд. Перомуни он мақолоти бисёре менависанд ва аз ин роҳ муратаб эҳтироми хешро нисбат ба кӯдак дар афкори умумӣ мунъакис мекунанд, аммо то кунун ҳеҷ фарде ҳамонанди Расули гиромии Ислом дар ниҳояти содагӣ ва меҳрубонӣ, дар кӯча ва хиёбон ин гуна ба кӯдакон меҳрубонӣ ва муҳаббат накарда ва ононро дар оғӯш нагирифтааст. Бинобар ин Паёмбар (с) нисбат ба тамоми кӯдакон, хоҳ фарзандони худ ва ё атфоли дигарон муҳаббати махсус дошт.

Бинобар ин дар бораи он ҳазрат (с) навиштаанд, ки:

»و التلطف با لصبيان من عادة الرسول«

Яъне «меҳрубонӣ дар бораи кӯдакон аз шеваҳои махсуси Паёмбар (с) будааст.»

Ҳамин равишро дигар пешвоёни динӣ низ идома додаанд ва барои кӯдакон шахсият қоил буданд, ки дар зер ба чанд маврид ишора мекунем:

Пурсиш ра кӯдак:

Ҳазрати Алӣ (р) бештари вақтҳо дар пеши мардум аз фарзандони худ пурсишҳои илмӣ мекарданд ва дар баъзе ҷоҳо посух ба пурсишҳои мардумро бар уҳдаи онҳо қарор медод.

Рӯзе Алӣ (р) аз фарзандони худ имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн (р) дар чанд мавзӯъ суолоте кард ва ҳар як аз онон бо ибороти кӯтоҳ посухҳои ҳакимона доданд. Он гоҳ он ҳазрат ба Ҳориси Увар, ки дар маҷлис ҳозир буд, фармуд: “Ин суханони ҳакимонаро ба фарзандони худ биёмӯзед, зеро сабаби тақвияти ақл ва фикру андешаи онон мегардад.”

Он Ҳазрат бо ин амал ба беҳтарин вазъ нисбат ба онҳо эҳтиром гузошта ва бузургтарин шахсият ва истиқлолро дар вуҷуди онон эҷод кардааст.

Ҳусни муошират:

Яке аз асоситарин сабабҳои эҷоди шахсият дар кӯдакон ҳусни муошират ва рафтори некӯ бо онҳост, ки Расули Худо (с) дар як иборати бисёр кӯтоҳ баён фармуда ва ошкоро иҷрои онро ба пайравонаш дастур додааст: “Ба фарзандони худ эҳтиром гузоред ва бо адаб ва равиши писандида бо онҳо рафтор кунед”.

Бинобар ин касоне, ки мехоҳанд фарзанди бошахсият дошта бошанд бояд ҳатман бо омӯзши писандида онҳоро роҳнамои кунанд ва аз рафтори зишту нописанд ва тавҳиномез бипарҳезанд, зеро бо равиши нописанд ҳаргиз наметавон фарзандони арзанда ва бошахсияте тарбият кард.

Вафо ба аҳд:

Вафо ба аҳд яке аз сабабҳое аст, ки эътимодро дар кӯдак ба вуҷуд меорад ва дар рушди шахсияти ӯ бисёр таъсиргузор аст.

Бузургони Дини Мубини Ислом дар бораи вафо ба аҳд нисбат ба кӯдак суфоришҳои фаровоне кардаанд, ки чанд намуна онро ёдовар мешавем.

“Расули Худо (с) мефармуд: “Агар яке аз шумо ба фарзанди худ ваъдае додаед бояд ба он вафо кунед ва аз аҳди худ тахаллуф нанамоед!”

Ҳазрати Алӣ (р) мефармояд:

“Шоиста нест инсон ба ҷиддӣ ва ё ба шӯхӣ дурӯғ бигӯяд ва шоиста нест касе ба фарзанди худ ваъдае бидиҳад ва ба он амал накунад.”

Дар китобҳо ва манобеъи ҳадисӣ дар бораи вафо ба аҳд аз сӯйи падарон ва модарон, ривоёти бешуморе нақл шудааст, ки ба ҷиҳати ихтисор аз нақли онон худдорӣ мекунем.

Ошно кардани кӯдак бо сахтиҳо:

Яке дигар аз роҳҳои шахсият додан ба кӯдакон ошно сохтани фарзандон, хусусан писарон бо сахтиҳост, то битавонанд дар оянда бо мушкилот мубориза кунанд. Зеро кӯдакон бояд амалан дарк кунанд, ки ба даст овардани ҳар чизе ниёз ба кӯшиш ва талош дорад. Агар кӯдаке бо мушкилот ва сахтиҳо ошно набошад, дар оянда дар баробари душвориҳои гуногуни зиндагӣ нороҳат ва дар охир дилшикаста ва мағлуб хоҳад шуд. Ин ҳақиқат дар ривоёти пешвоёни динӣ низ баён шудааст.

Пайғамбари Акрам(с) мефармоят: “Беҳтар аст, ки кӯдак дар хурдӣ бо сахтӣ ва мушкилоти иҷтинобнопазири ҳаёт, ки ғаромати зиндагӣ ҳастанд рӯ ба рӯ шавад, то дар ҷавонӣ ва бузургсолӣ бурдбор ва сабур гардад.”

Лозим ба тазакур аст, ки ошно кардани кӯдакон бо мушкилот набояд боиси нороҳатии кӯдак шавад. Яъне набояд корҳое, ки ба ӯ вогузор мешавад беш аз тавоноии ӯ бошад. Бинобар ин тавоноии кӯдакро бояд дар назар дошт.

Расули Худо (с) дар ҳамин росто чаҳор нуктаро ёдовар мешавад:

  1. 1. Он чиро ки кӯдак дар тавони худ дошта ва анҷом додааст аз ӯ қабул кунанд;
  2. 2. Он чиро ки анҷоми он барои кӯдак сахт ва тоқатфарсост аз ӯ нахоҳанд;
  3. 3. Ӯро ба гуноҳ ва саркашӣ водор накунанд;
  4. Ба ӯ дурӯғ нагӯянд ва дар баробари ӯ корҳои аҳмақона анҷом надиҳанд;

Дар ривоёти дигар чунин нақл шудааст:

“Ҳангоме, ки Расули Худо (с) ҳафтсола буд рӯзе аз дояаш (Ҳалимаи Саъдия) пурсид:

“Бародаронам куҷо ҳастанд?” (чун дар хонаи Ҳалима буд фарзандони ӯро бародар хитоб мекард.) Ҷавоб дод: “Фарзанди азиз! Онон гӯсфандонеро, ки Худованд ба баракати вуҷуди ту ба мо марҳамат кардааст ба чаро бурданд.”

Тифл гуфт:

“Модар! Ба ман бо инсоф рафтор нанамудӣ.”

Модар пурсид:

“Чаро?”

Гуфт:

“Оё сазовор аст, ки ман дар сояи хайма бимонам ва шир бинӯшам, вале бародаронам дар биёбон зери офтоби сӯзон бошанд?”

Қисми аввал

Тарбият

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

одиннадцать + семь =