Аҳамияти душманшиносӣ
Яке аз муҳимтарин вазоифи муъминон, алалхусус дар ҳукумати исломӣ, душманшиносӣ аст. Шакке нест, ки барои барқарории ҳукумати исломӣ ва муҳкамкардани он бояд душманони дохилию хориҷӣ ва абзорҳои онҳоро дар таҳоҷум шинохт ва бидуни шинохт онҳо ва макру ҳилаҳоияшон, арсаи мубориза бо онҳо роҳ ба ҷое нахоҳад бурд. Чӣ басо огоҳии кофӣ надоштан дар шинохти душманон сабаби паноҳ бурдан ба домани душман барои раҳоӣ аз душман бошад. Имоми Содиқ (а) огоҳиро шарти асосии ҳар иқдоме дониста ва мефармояд:
«العَامِلُ عَلى غَيرِ بَصيرةٍ كالسَّائرِ علَى غَيرِ الطَّريقِ، لا يَزيدُه سُرعةُ السَّيرِ إلاّ بُعداً عَن الطَّريقِ».
«Касе, ки кореро ноогоҳона анҷом диҳад натиҷаи шитоб дар анҷоми кор чизе ҷуз дуртар шудан аз ҳадаф барояш нахоҳад буд, ҳамон гуна ки шахсе, ки роҳеро ношинохта биравад аз ҳадаф дуртар мешавад. »
Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамин зарурат, зиёда аз ҳазору понсад оят аз оятҳои Қуръони Карим дар мавзӯи душманшиносӣ аст. Дар ин оятҳо Худованд навъҳои душманони ҷиннӣ ва инсии муъминон ва ҳукумати исломӣ, абзорҳо ва шеваҳои душманӣ ва роҳҳои муқобила бо онҳоро меомӯзонад ва таъкид мекунад, мусулмонон аз онҳо дурӣ ва безорӣ биҷӯянд:
﴾يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا عَدُوِّي وَعَدُوَّكُمْ أَوْلِيَاء﴿
“Эй касоне, ки имон овардаед душмани ман ва душмани худро дӯст нагиред.” Сураи Мумтаҳина ояти1.
Бар асоси оятҳои Қуръон душманони муъминон ба чаҳор гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд:
Шайтон ва ёрони Ӯ:
﴾إِنَّ الشَّيْطَانَ لَكُمْ عَدُوٌّ فَاتَّخِذُوهُ عَدُوًّا﴿
“Албатта шайтон душмани шумост пас ӯро душман бидонед.”сураи Фотир ояти 6.
Дар баъзе аз оятҳо Худованд аз душманӣ ва кинаи ошкори шайтон нисбат ба инсонҳо ва махсусан мӯъмнон бо таъбири »душмани ошкор» ёд карда зимни шумориши ҳилаҳои шайтон барои инҳирофи (гумроҳ шудани) муъминон, аз онҳо хостааст, ки дар роҳи шайтон қадам набардоранд:
﴾يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا لَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَان﴿
“Эй касоне, ки имон овардаед! Аз гомҳои шайтон пайравӣ накунед.” Сураи яти 21.
Куффор:
Худованди Мутаъол мефармояд:
﴾إنَّ اللهَ أَعَدَّ لِلْكَافِرِينَ عَذَابًا مُهِينًا﴿
“Кофирон душманони ошкори шумо ҳастанд.” Сураи Нисо ояти 101.
Баъзе рс аҳли китоб (Яҳуд)
Қуръон – ҳамон гуна ки таърихи аввали Ислом то кунун гувоҳӣ медиҳад – сарсахтарини душманони Ислом ва мусулмононро яҳуд медонад ва аз барқарории робитаи дӯстона бо онҳо манъ мекунад:
﴾إِنَّ الشَّيْطَانَ لَكُمْ عَدُوٌّ فَاتَّخِذُوهُ عَدُوًّا﴿
“Ҳатман душмантарини мардум нисбат ба муъминонро яҳуд хоҳӣ ёфт.”
Мунофиқон:
Қуръони Карим ба шиносондани чеҳраи мунофиқон ва муаррифии хусусияти онҳо – ки аз хатарноктарин душманон ҳастанд – аҳамияти зиёде додааст. Дар бештар аз сесад оят ба ошкор кардани нозукиҳои мунофиқон ва равшан кардани роҳҳои муборизаро нишон додааст. Ин оятҳо, ки дар зимни сенздаҳ сура омадааст меҳвари аслии баҳси ҳозир дар муаррифии нифоқ аз дидгоҳи Қуръон хоҳад буд. Гарчи ба муносибати мабоҳис, ривоёте аз Аҳли Байт (а) низ зиннатбахши ин китоб гаштааст.
Нифоқ ва мунофиқон дар Қуръон
Таъкиди зиёде, ки Қуръон дар бораи шинохти хусусиятҳои мунофиқин дорад дар бораи куффор ба ин андоза нест ва ин ба он сабаб аст, ки куффор ошкоро дар сафи муқобили муъминон қарор гирифтаанд ва ошкоро душмании худро нишон медиҳанд, аммо мунофиқин душманоне ҳастанд, ки дар либоси дӯст ва дар сафи »худиҳо« қарор доранд. Аз ин тариқ сахтарин зарбаҳоро ба Ислом ва муслимин ворид мекунанд. Печидагию махфикории мунофиқин аз як тараф ва риёкаории онҳо аз тарафи дигар сабаб мешавад, ки аввалан: шинохти онҳо эҳтиёҷ ба огоҳии хоссе дошта ва хатари онҳо ба маротиб беш аз куффору душманони ошкоро бошад. Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд:
«كُنْ لِلعَدوِّ الـمُكاتِمِ أشَدَّ حَذَراً مِنكَ لِلعَدُوِّ الـمُبارِزِ».
«Аз душмани пинҳон бештар аз душмани ошкор парҳез кун». Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Ибни Абилҳадид, ҷ.20, саҳ. 211.
Устод марҳум Муртазо Мутаҳҳарӣ дар бораи сахтӣ ва аҳамияти шинохти хатари нифоқ дар ҷомеа менависад:
Хаёл немекунам аз ин ҷиҳат шакке бошад, ки хатари нифоқ аз хатари куфр хеле бештар ва зиёдтар аст. Барои ин ки нифоқ ҳамон куфри пинҳон аст, вале куфре, ки дар зери парда аст. То он вақт ки бихоҳад он парда дарида шавад ва он чеҳраи зишт зоҳир шавад, чӣ қадар аз мардум фиреб хӯрдаанду гумроҳ шудаанд.
Чаро вазъи пешравии Амиралмуъминин (а) нисбат ба Паёмбари Акрам (с) фарқ дошт? Аз назари паёравони Аҳли Байт, ки Алӣ (а) ва равиши ӯ бо Пайғамбар фарқе надошт. Вале чӣ гуна аст, ки Пайғамбар бо ин зудӣ пешравӣ мекунад ва душманро яке баъд аз дигарӣ аз байн мебарад, вале Алӣ (а) вақте ки бо душманаш рӯ ба рӯ мешавад сахт дар фишор асту гирифтор, ин пешравӣ барояш нест ва дар бисёр ҷоҳо аз душман шикст мехӯрад. Барои чӣ? Барои ин ки Паёғамбар (с) бо касоне меҷангид, ки онҳо кофир буданд, вале Алӣ (а) аз аввал бо мунофиқин рӯ дар рӯ буд.
Аз ояти 101 сураи Тавба чунин ба даст меоят, ки гоҳе чеҳраи нифоқ он қадар печидааст, ки Паёмбар (с) ҳам бо илми оддӣ наметавонад онҳоро бишносд ва Худованд аст, ки афроди ин гурӯҳро бо Паёмбари Акрам (с) муаррифӣ мекунад:
﴾وَمِمَّنْ حَوْلَكُمْ مِنَ الْأَعْرَابِ مُنَافِقُونَ وَمِنْ أَهْلِ الْمَدِينَةِ مَرَدُوا عَلَى النِّفَاقِ لَا تَعْلَمُهُمْ نَحْنُ نَعْلَمُهُمْ سَنُعَذِّبُهُمْ مَرَّتَيْنِ ثُمَّ يُرَدُّونَ إِلَى عَذَابٍ عَظِيم﴿
“Ва аз миёни бодиянишиноне, ки атрофи шумо ҳастанд, ҷамъе мунофиқанд ва аз аҳли Мадина (низ) гурӯҳе сахт ба нифоқ пойбанданд. Ту онҳоро намешиносӣ, вале мо онҳоро мешиносем. Ба зудӣ онҳоро ду бор муҷозот мекунем (муҷозоте бо расвоӣ дар дунё ва муҷозоте ба ҳангоми марг) сипас ба сӯи муҷозоти бузурге (дар қиёмат) фиристода мешаванд.”
Дар бораи хатари нифоқ дар ҷомеаи исломӣ ҳазрати Алӣ (а) дар Наҳҷ-ул-балоға аз Паёмбари Акрам (с) нақл мекунад, ки:
«وَلَقدْ قَالَ لِي رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عليهِ وآلهِ: إنِّي لا أخَافُ عَلى أُمَّتِي مُؤمِناً وَلا مُشْرِكاً؛ أمَّا الـمُؤْمِنُ فَيَمْنَعُهُ إيـمَانُهُ، وَأمَّا الـمُشْرِكُ فَيَقْمَعُهُ اللهُ بِشِرْكِهِ، وَلكِنْ أخافُ عَلَيكُم كُلَّ مُنافِقِ الـجَنانِ، عَالِمِ اللِّسَانِ، يَقُولُ مَا تَعْرِفُونَ وَيَفْعَلُ مَا تُنْكِرونَ».
«Паёмбар (с) ба ман фармуд: Ман бар умматам на аз муъмин метарсам ва на аз мушрик. Чун ки имони муъмин ӯро аз хиёнат нигоҳ медорад ва мушрикро Худованд ба василаи ширкаш нобуд месозад. Танҳо касоне, ки аз бадии онҳо бар шумо метарсам онҳое ҳастанд, ки дар дил мунофиқанд ва дар забон доно. Суханоне мегӯянд, ки шумо қабул мекунаед, аммо корҳое доранд, ки мавриди инкори шумост».
Паёмбари Ислом (с) бо касоне меҷангид, ки шиорашон »Зинда бод бут« буд, аммо ҳазрати Амир (а) бояд бо касоне меҷангид, ки пешонияшон пина баста буд.
Ҳазрати Алӣ (а) бо касоне чангид, ки овози ғамангези Қуръонашон дар нимаҳои шаб, ҳатто Кумайлро ҳам таҳти таъсир қарор медод. Бо касоне мубориза кард, ки бо истинод ба Қуръон бар зидди ҳазрат шамшер мекашиданд.
Касоне, ки собиқаи ҷиҳод дар роҳи Худо доштанд ва ҳатто захмӣ шуда буданд, аммо дунёталабӣ онҳоро дар баробари ҳақ қарор дод.
Паёмбар Акрам (с) Зубайр (рз)-ро “Сайф-ул-ислом” (яъне шамшери Ислом) ном ниҳод. Талҳа (рз) маҷрӯҳи ҷанги Уҳуд буд.
Қуръон дастур медиҳад, ки омодагии лозимро барои тарсондани душманони ошкоро ва пинҳони худ касб кунед то иқтидор шумо монеи таҷовузи онҳо шавад.
﴾وَأَعِدُّوا لَهُمْ مَا اسْتَطَعْتُمْ مِنْ قُوَّةٍ وَمِنْ رِبَاطِ الْخَيْلِ تُرْهِبُونَ بِهِ عَدُوَّ اللهِ وَعَدُوَّكُمْ وَآَخَرِينَ مِنْ دُونِهِمْ لَا تَعْلَمُونَهُمُ اللهُ يَعْلَمُهُم﴿
“Ҳар нерӯе дар тавон доред барои муқобила бо онҳо омода созед ва (ҳамчунин) асбҳои варзида (барои майдони набард), то ба василаи он душмани Худо ва душмани худро битарсонед ва (хамчунин) гургуҳи дигаре ғайр аз инҳо(мунофиқин)-ро, ки шумо онҳоро намешиносед ва Худо онҳоро мешиносад (битарсонед).”сураи Анфол ояти 60.
Аз ин оят истифода мешавад, ки омодагии лозим ва иқтидор дар ҳукумати исломӣ танҳо василае барои дафъи таҷовуз аст, на коре барои таҷовузгарӣ. Мунофиқин аз касоне ҳастанд, ки ҳамеша дар андешаи таҷовуз ба низом ва кишвари исломианд. Омодагии низомӣ ва огоҳии кофии мардум онҳоро аз ин андешаи хом боз хоҳад дошт.
Ёдоварии ин нукта низ лозим аст, ки омода будан махуси омодагии размӣ нест, балки биниш ва огоҳии кофӣ дар шинохти душман ва хусусиятҳо ва силоҳҳои ӯ дар ҳуҷум ҳам яке аз муҳимтарин аркони омода будан барои муқобила бо онҳо хоҳад буд. Аз он ҷо ки мунофиқин аз хатарноктарин душманон ҳастанд шинохти нифоқ ва хусусиятҳои онҳо яке аз заруратҳоест, ки бояд ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи мусулмонон бошад. Ғафлат аз мунофиқин ҳазорчеҳра метавонад сабаби осебҳои ҷиддӣ ба ҳукумати исломӣ ва мусулмонон гардад.