Ибни Таймия
Яке аз масалае, ки Ислом бар он таъкиди зиёде дорад, асли иттиҳод ва якпорчагии мусулмонон аст. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ
وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا وَاذْكُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنْتُمْ أَعْدَاءً فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُمْ بِنِعْمَتِهِ إِخْوَانًا وَكُنْتُمْ عَلَى شَفَا حُفْرَةٍ مِنَ النَّارِ فَأَنْقَذَكُمْ مِنْهَا كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ
“Эй касоне, ки имон овардаед! Аз Худованд ба ҳақ битарсед ва ҷуз мусулмон намиред. Ва ҳамагӣ бо ҳам ба ресмони Худо чанг зада ва пароканда нашавед. Ҳамеша он неъмати Худо бароятонро ба ёд дошта бошед, ки вақте бо ҳам душман будед, Худо байни қалбҳоятон улфат ва ҳамдилӣ эҷод намуд ва он гоҳ ба неъмати ӯ бародароне гардидед. (Фаромӯш накунед, ки) шумо (қабл аз ин) наздик бар партгоҳи оташ қарор доштед ва он гоҳ ин Худо буд, ки шуморо наҷот бахшид. Худо ҳамин гуна бароятон нишонаҳояшро равшан мекунад, ки шояд ҳидоят ёбед!” (Сураи Оли Имрон, оятҳои 102 ва 103 ).
Ошкортарин ҳолатҳои якдастӣ ва якпорчагии мусулмононро метавон дар нахустин ҷомеаи исломӣ дар Мадинаи Мунаввара, ки ба дасти мубораки Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ поягузорӣ гардид, мушоҳида намуд. Дар он ҷомеа ҷоиз набуд ҳеҷ мусулмоне ба ҷону моли бародари мусулмони дигараш беҳақ таҷовуз намояд. Аслан бар асоси таълимоти Ислом мол, номус ва ҷони ҳар мусулмоне бар мусулмонони дигар мӯҳтарам аст. Дар ривояти саҳеҳе Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармудаанд: “Тамоми вуҷуди ҳар мусулмоне бар мусулмони дигар ҳаром аст: молаш, номусаш ва рехтани хунаш. Аз бУдай барои ҳар марде ҳамин кофист, ки бародари мусулмонашро таҳқир намояд”.
Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармудаанд: “Маъмур ҳастам бо мардум биҷангам, то ин ки “Ло илоҳа иллаллоҳ” бигӯянд. Пас, ҳар ки “Ло илоҳа иллаллоҳ” гуфт, ҷону молаш аз ман дар амон аст ва ҳисобаш бо Худост”. Бухорӣ баъд аз ривояти ин ҳадис аз Абӯҳурайра, мегӯяд: “Ин ҳадис аз Умар ва Ибни Умар низ ривоят шудааст” ва Ҳайсамӣ ин ҳадисро аз Ибни Аббос, Абўбакр, Саҳл ибни Саъд, Анас, Самура, Ҷарир, Абўмолик, Ибни Масъуд ва Нўъмон ибни Башир ривоят кардааст.
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармудаанд:
“Ҳар марди мусулмоне, ки мусулмони дигареро кофир бихонад, агар кофир бошад, мушкиле надорад, вагарна худашкофир аст”. Боз дар ҳадиси дигаре Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ваолиҳ фармудаанд:
“Ҳар гоҳ марде ба бародараш бигӯяд, ки: “Эй кофир!” монанди ин аст, ки ӯро кушта бошад”.
Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ 4, саҳ 5. Сунани Насоӣ, ҷ 6, саҳ 7. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, ҷ 1, саҳ 452. Маҷмаъуз завоид, ҷ 1, саҳ 26 ва 27.
”Мусаннаф”-и Абдураззоқ, ҷ 8, саҳ 482, р 15984-19516. Маҷмаъуз завоид, ҷ 8, саҳ 73.
“Ҳар касе, ки бигӯяд: “Ло илоҳа иллаллоҳ” (Маъбуде ҷуз Худо нест), ба дурустӣ ҷону молашро (аз поймол ва рехта шудан) нигаҳ доштааст” танин мезад. Саҳеҳи Бухорӣ, р 2946 ва 1399. Муснади Аҳмад, ҷ 1, саҳ 19, р 117 ва 335. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, ҷ 1, саҳ 451, р 218.
Садҳо сол мусулмонон ҳамин гуна бо ҳам зиндагии мусолиматомез доштанд, ки баногаҳ дар диёрӣ Шом шахсе ба номи Ибни Таймия, ки иддаои илму маърифат ҳам дошт, зуҳур карда ва як дафъа ҳар мусулмонеро, ки мӯътақид ба ақоиде, ки ӯ дорад набошад, ба гумроҳӣ ва бидъат, кофиру мушрик будан муттаҳам карда ва хуну молашро мубоҳ эълон намуд. Ва аз ҳамон рӯзҳои нахустини зуҳури ин мард, уламо ва донишмандони замонаш ба мухолифати ӯ бархоста ва ақоид ва афкори беасоси ӯро бармало карданд ва дере напоид, ки сару садои ин мард хомӯш гардид.
То ин ки тақрибан сесад сол пеш дар сарзамини Арабистон, дар он ҳангом ки сарзамини мусулмонон пора пора гардида ва мавриди тӯъмаи бегонагон қарор дошт, марде ба номи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб зуҳур карда ва аз нав афкор ва ақоиди мурдарафтаи Ибни Таймияро зинда намуд. Ў низ ба монанди Ибни Таймия ҳар мусулмонеро, ки мухолифи ақоиди ӯ бошад, мушрик ва кофир эълон намуд. Аммо ин дафъа сарнавишти Ибни Абдулваҳҳоб мисли Ибни Таймия нашуд, ки бо мурда рафтанаш, афкор ва ақоидаш низ аз байн биравад.
Балки барои Ибни Абдулваҳҳоб чунин фурсате фароҳам омад, ки баъзе аз амирони қабоили арабӣ (Оли Сауд), ки ба дунболи пирӯзиҳои сиёсӣ ва сайтара бар сарзамини Арабистон буданд, ҳамфикр ва ҳамраъйи Ибни Абулваҳҳоб шуда ва барояш пешниҳоди ҳамкорӣ дар густаронидани ақоидаш намуданд. Он гоҳ бо гушоиш ёфтани кори Оли Сауд, ақоид ва афкори Ибни Абдулваҳҳоб ҳам бо зӯри шамшер шурӯъ ба густариш ёфт.
Нигоҳе ба баъзе аз ақоиди Ибни Таймия ва ташбеҳ
Яке аз болотарин ва арҷмандтарин маориф дар бораи Худованд, маорифест, ки Ислом онро пешкаш кардааст. Мо дар ҳеҷ дин ва оине, маорифи илоҳиро он гуна ки Қуръон пешкаш мекунад, суроғ надорем. Масалан дар Қуръон омадааст, ки: “Лайса ка мислиҳи шайъ” (Ҳеҷ чиз монанди Худо нест) ва ё масалан Амири мӯъминон Алӣ ибни Абӯтолиб дар хутбаи маъруфи худ роҷеъ ба маърифати илоҳӣ мегӯяд:
“Аввали дин, шинохтани Худост ва камоли шинохтани Худо, тасдиқи ӯст ва камоли тасдиқи ӯ, тавҳид (ва ягона донистани) ӯст ва камоли тавҳиди ӯ, ихлос ба ӯст ва камоли ихлос ба ӯ, нафйи сифатҳо аз Худост. Чун ҳар сифате гувоҳӣ медиҳад, ки вай ғайри мавсуф аст ва низ ҳар мавсуфе шаҳодат медиҳад, ки вай ғайр аз сифат аст (ва дар натиҷа ду чиз ҳастанд). Пас агар касе Худоро (чунин) васф намояд, ба дурустӣ ӯро ҳамроҳи (чизе) қарор додааст.
Ва агар касе Худоро ҳамроҳи (чизе) қарор бидиҳад, ӯро ду то донистааст. Ва ҳар касе Худоро ду то донад, ӯро таҷзия (ба ду қисм тақсим) намудааст. Ва ҳар касе ӯро таҷзия намояд, ӯро нашинохтааст. Ва ҳар касе Худоро нашиносад, (ӯро дар маконе қарор дода ва) ба ӯ ишора намудааст. Ва ҳар касе ба ӯ ишора намояд, ӯро маҳдуд намудааст. Ва ҳар касе ӯро маҳдуд намояд, ӯро шумурдааст”.
Аз ҳамон рӯзҳои аввали зуҳӯри Ислом, мусулмонон бо ҳар гуна маорифе, ки Худоро ба гунаи дигар муаррифӣ мекард, ба мубориза бархостанд. Масалан муборизаи Ислом бо масеҳият дар ин буд, ки масеҳиёнро барои ин ки Худоро се то (падар, писар ва Руҳи қудс) муаррифӣ менамуданд, интиқод менамуд. Ва ё бо яҳуд ин буд, ки онон Худоро ба гунае нишон медоданд, ки лозимааш ҷисм будани Худо ва ташбеҳи ӯ бо махлуқоташ буд. Аслан тавҳиде, ки Ислом ба сӯи он мардумро мехонад, ин аст, ки Худоро аз ҳар гуна мазоҳири ташбеҳ ва монанд донистан ба махлуқоташ пок намоем.
Дар ҳамон қуруни нахустин, гурӯҳе дар васати мусулмонон падид омаданд, ки бо нодуруст фаҳмидани баъзе аз оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), қоил ба ақоиде шуданд, ки лозимааш ташбеҳи Худо ба махлуқот ва ҷисм будани Худо буд. Ва ин гурӯҳ дар Ислом, ба гурӯҳи “муҷассима” (қоил ба ҷисм будани Худо) маъруф буданд. Уламо ва хусусан имомони Аҳли Байт ба шиддат дар ҳамон рӯзҳо бо чунин эътиқод бархӯрд карданд.
Баъдҳо Ибни Таймия ақоидеро иброз дошт, ки наздик ба ақоиди муҷассима буд. Ҳатто ӯ барои исботи чунин ақоиде китобҳое нигоштааст, ба монанди китоби “Исбот-ус-сифот вал улув вал истиво”, “Шарҳи ҳадиси нузул”, “Аршур-раҳмон” ва баъзе китобҳои дигар.
Ақоиди Ибни Таймия дар ин мавзӯъ:
“Ва агар муроди (мухолифи мо) нафйи сифатҳоест, ки Худо ва Расулаш Худоро он чунон васф кардаанд ва он сифот ба воситаи нусус ва ҳақиқати ақл собит шуда бошанд, (мо чунин нафйеро барои ӯ рад карда ва ба ӯ мегӯем, ки ҳамаи он авсоф) ҳақ ҳастанд, ҳарчанд он (авсоф) ҷисм номида шавад, ё бигӯянд, ки ин сифатҳо танҳо дар касе, киҷисм аст, хоҳад буд. Он чӣ дар Қуръон ва суннат собит шуда ва пешиниёни уммат бар он иҷмоъ кардаанд, ҳақ мебошад, ҳарчанд лозимаи он, ба гуфтаи мутакаллимон, ин бошад, ки Худованд ба ҷисм будан васф шавад. . . Чун лозимаи ҳақ, ҳақ аст.
Чӣ гуна чунин набошад, ҳол он ки исботкунандагон (яъне касоне, ки мӯътақид ба исботи авсоф ба Худо ҳастанд) мегӯянд: Субути ин авсоф (ҳарчанд онҳоро ҷисм ҳам номед), ба зарурат ва назари ақл дониста шудааст? Бинобар ин, агар муроди касе, ки қоил ба ҷисмонияти Худост, ҳамон чизест, ки нусуси шаръӣ онро собит кардааст, мо назарашро дуруст хоҳем донист, вале ӯро аз ба коргирии лафзҳои бидъаткорон дар ин замина манъ хоҳем намуд. Аммо агар муродаш ба лафзи “ҷисм” он чизест, ки бояд Худовандро аз он барӣ ва пок донист, суханашро рад намуда, гумроҳияшро барояш баён хоҳем кард… .” (“Ал-фатовол кубро”-и Ибни Таймия, ҷ 6, саҳ 546).
Ибни Таймия дар ин суханони худ мехоҳад бигӯяд, ки сифатҳое, ки дар Қуръон ва суннат барои Худо ворид шуда, ба ҳамон сурати зоҳирияш ба онҳо имон оварда ва Худоро ҳамонгуна васф менамоем, ҳарчанд лозимааш ҷисм донистани Худо бошад. Масалан, дар Қуръон омадааст, ки: “Дасти Худо бар болои дастҳои онон аст”. Мо дар ин ҷо бояд имон дошта бошем, ки Худо даст дорад.
Боз ҳам ӯ мегӯяд: Агар ин матлаб лозимааш ҷисм будани Худовандро расонад, пас Худованд ҷисм аст, чун лозимаи ҳақ, ҳақ аст. “Бешак Худо дар як самт ва маконе қарор дорад, ки он самти болост ва Худо дар осмон бар Арш қарор гирифта ва Арш бо ӯ пур шуда ва Худо ба осмони дунё нозил мешавад ва баъд бармегардад ва ӯ аъзо ва ҷавореҳ аз қабили чашму дасту по дорад. Вале он чӣ ҳаст, ин аст, ки чашму дасту пои Худо ба аъзои башар ва дигар махлуқот монанд намебошад”. (“Ҳамавият-ул- кубро”-и Ибни Таймия, с15. Тафсири кабир, ҷ 2, саҳ 249. “Минҳоҷ-уc-сунна”, ҷ 1, саҳ 250-260.
Боз Ибни Таймия мегӯяд:
“Бардоштани дастҳо ҳангоми дуо далел бар ин аст, ки Худо дар болост”. (“Ҳамавият-ул-кубро”, с 94. Шарҳи ҳадиси нузул, с59). Ҳол он ки дароз кардани дастҳо барои гадоӣ аст ва инсон вақте аз ғайри Худованди Мутаол низ чизе мехоҳад дасташро рў ба боло дароз мекунад ва оё ин ҷо низ ба хотири дар боло будани он шахс аст!? Ҳаргиз чунин нест, вале Ибни Таймия ба ин роҳатӣ мехоҳад бо чунин суханони кўдакона ва мардум фиребонааш Худованди Мутаолро ҷисм муаррифӣ кунад.
“Касоне, ки Қуръонро таъвил мекунанд, Худоро он чунон ки ҳаст, нашинохтаанд”. (“Тафсири кабир”-и Ибни Таймия, ҷ 1, саҳ 170). “Тафсирҳои нақлшуда аз саҳоба ва ривоёте, ки аз онҳо расида ва беш аз 100 тафсири бузургонро дидам ва то ҳоли ҳозир ҳеҷ як аз саҳобаро наёфтам, ки ӯ оятҳо ва ривоёти сифотро бар хилофи маънои зоҳираш таъвил карда бошад”. (“Тафсири сураи Нур”-и Ибни Таймия, с178).
Ва ин дар ҳолест, ки тафосири пешиниён пур аз ин гуна таъвилҳост. Масалан Табарӣ дар бораи “Васиа курсийюҳу самовоти вал арз” (Ва курсии Худо осмонҳо ва заминро гунҷонидааст) (Бақара, ояти Курсӣ) аз Ибни Аббос нақл мекунад, ки гуфтааст: “Мақсуд аз “курсӣ”, яъне илми Худованд аст”. Бағавӣ низ онро нақл карда ва Шавконӣ ва Қуртубӣ ҳам онро аз Ибни Атия нақл кардаанд. Муфассирон дар бораи “Куллу шайъин ҳоликун илло ваҷҳаҳу” (Ҳама чиз ба ҷуз рӯи Худо ҳалок хоҳад шуд) гуфтаанд: “Яъне ба ғайр аз зоти Худо”. Бухорӣ дар Саҳеҳаш мегӯяд: “Яъне ба ғайр аз милкаш”. (Саҳеҳи Бухорӣ, тафсири сураи Қасас). Оятҳои фаровони дигаре ҳам ҳаст, ки муфассирон онро таъвил карда ва таъвили онҳоро аз саҳоба нақл кардаанд.
Касе аз саҳоба ва муфассирон дар мавриди ин ояти Қуръон, ки: “Ваътасиму биҳаблиллоҳи ҷамиан ва ло тафаррақу” (Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг зада ва мутафарриқ нашавед) нагуфта, ки ҳабл (ресмон) ҳамон ресмонест, ки мешиносем, балки онро ба Қуръон, Ислом ва Аҳли Байти Паёмбар тафсир ва таъвил кардаанд.
Мухолифати Албонӣ бо Ибни Таймия дар ин масала
Чунин эътиқоди Ибни Таймия (ки мӯътақид ба ҷисм будани Худост, албатта на ба монанди ҷисмҳои дигар) мавриди эътирози Албонӣ, ки яке аз донишмандони ваҳҳобии муосир ва аз ҳаводорони Ибни Таймия ба шумор меравад, қарор гирифтааст.
“Ибни Таймия мегӯяд: “Агар чунин бошад (яъне агар чунин бошад, ки мушаббиҳаро(Касоне, ки Худоро ба сифатҳои махлуқоташ ташбеҳ мекунанд.) ба хотири ҳамин чизҳое, ки мо мегӯем мазаммат карда ва ба онҳо чунин исме гузошта бошанд, ин мушкиле надорад, чун) исми “мушаббиҳа” бо ҳеҷ мазаммат ва накӯҳише; на дар Қуръон ва на дар суннат ва на дар каломи ҳеҷ саҳоба ва тобеине ёд нашуда. . . ” Ва ҳам пеш аз ин, дар сафҳаи 100 ва 101 китобаш мегӯяд: “Касе, кибо ин сифатҳо (даст, по, чеҳра ва. . . ) васф мешавад, ҳатман ҷисм хоҳад буд.
Пас Худои Мутаол (ҳам ки бо чунин авсоф васф шудааст) ҷисм аст, албатта на ба монанди ҷисмҳои дигар”. Боз ҳам ӯ дар с. 101 мегӯяд: “Дар Қуръон, суннат ва сухани ҳеҷ як аз гузаштагони уммат ва имомон вуҷуд надорад, ки касе Худоро ғайри ҷисм гуфта бошад. . . ” (“Баёну талбиси ҷуҳамия”-и Ибни Таймия. “Нақзу асосу-тақдис”- и Ибни Таймия, ҷ 1, саҳ 100-101-109).
Албонӣ ба мухолифати Ибни Таймия дар чунин эътиқодоте пардохта, мегӯяд: “Ҳамоно лағзиши мушаббиҳа ин буда, ки дар исботи сифот ба Худо, ғулув карда ва ӯро бо махлуқоташ монанд намуданд. Аммо каломи ҳақ дар баробари мушаббиҳа ва муаттила, ин аст, ки қоил бошем ба исботи сифот бидуни ташбеҳ ва пок донистани Худо (аз сифоти махлуқон) бидуни таътил. Чӣ қадар хуб гуфта шуда, ки: “Муаттила адам ва нестиро мепарастиданд ва муҷассима бут мепарастиданд”.
“Ал-башорату вал итҳоф”-и Ҳасани Саққоф саҳ 43. “Шарҳи ақидаи таҳовия”- и Албонӣ саҳ 28.
Боз ҳам Ибни Таймия мегӯяд:
“Агар Худо бихоҳад, метавонад бар пушти пашшае ҳам истиқрор пайдо кунад, чӣ расад бар Арши Азим”. (“Баёну талбиси ҷуҳамия”-и Ибни Таймия, ҷ 1, саҳ 568. “Ат-таъсис”, ҷ 1, саҳ 568). Албонӣ дар муқаддимаи “Мухтасар-ул-улув” (с 17 чопи соли 1401ҳ. ) мегӯяд: “Лозимаи ин сухан он аст, ки Худо дар Аршаш нишаста. Ва чунин чизе дар Ислом ворид нашуда ва чунин эътиқод ва нисбати он ба Худо ҷоиз намебошад”.
“Ин ки Худованд дар болост, ҳақиқатан дар болост. . . ” Албонӣ мегӯяд: “Ин ақидаи муаттила аст, балки баъзеҳо ба равшанӣ баён кардаанд, ки Худованд зотан дар ҳама ҷо ҳозир аст”. Пас бинобар сухане, ки Албонӣ пеш аз ин низ гуфт, Ибни Таймия ҳам бутро ва ҳам ҳеҷ ва нестиро мепарастидааст.
“Мазҳаби имомони аҳли суннат ва аҳли ҳадис аз мутақаддимин ва мутааххирин ин аст, ки Худованд ҳаракат мекунад”. Он гоҳ Ибни Таймия аз Усмон ибни Саид чунин нақл мекунад, ки гуфтааст: “Ҳар ки ҳаракат кардани Худоро инкор кунад, ӯ аз бидъатгузорон ва ҷуҳамист”. (“Мувофақату саҳеҳил манқул ли сареҳил маъқул”-и Ибни Таймия дар ҳошияи “Минҳоҷ-ус-сунна”, ҷ 2, саҳ 4).
Албонӣ дар “Мухтасар-ул-улув” (с. 16) ин сухани Кавсариро (бо иқрор ба он) нақл мекунад, ки гуфтааст: “Дар мавриди Худованд чизҳое мегӯянд, ки на Ислом гуфта ва на ақл онро қабул дорад, монанди исботи ҳаракат ва мунтақил шудан ва ҳад доштан ва дорои ҷиҳат будан ва дар боло будан ва нишастан”.
Ибни Таймия мегӯяд:
“Ҳамаи ин ва он чӣ монанди инҳост, шавоҳид ва далоилест бар “ҳад” доштани Худо ва ҳар ки ба он эътироф накунад, ба Қуръон куфр варзида ва бо оятҳои он мухолифат кардааст”. (“Мувофақату саҳеҳил манқул ли сареҳил маъқул”-и Ибни Таймия дар ҳошияи “Минҳоҷ-ус-сунна”, ҷ 2, саҳ 29).
Аммо Заҳабӣ гуфтааст: “Худо бартар ва волотар аз ин аст, ки ӯро дорои “ҳад” дониста ва ба чизе ҷуз он чизе, ки худаш васф карда васф намоем. . . Ҳол он ки Худаш мефармояд: “Лайса ка мислиҳи шайъун” (Чизе монанди Худо нест). (“Сияру аъломун нубало”-и Заҳабӣ, ҷ 16, саҳ 97).
Саққоф мегӯяд: Он чи аз шогирдони Албонӣ ба мо расида, ин аст, ки ӯ низ дар ин масъала монанди Заҳабӣ мункири “ҳад” доштани Худованд будааст”. (“Ал-башорату вал итҳоф”, с 49). Лозим ба ёдоварист, ки “ҳад” доштан, яъне ҳамон қаду қомат доштан аст ва ҳар ки дорои ҳад аст, ҳатман ҷисм аст ва уммати исломӣ бо иттифоқ ҷисм будани Худовандро рад карда ва ҳатто онро ширк медонанд, пас Ибни Таймия бешак бо сухани пешини худ ҳамаи уммати исломиро муттаҳам ба куфр ва мухолифат бо Қуръони Карим намуда аст.
Ибни Таймия ва масъалаи қадим будани олам
Ибни Таймия мӯътақид аст олам қадим аст. Ҳасани Саққоф (яке аз донишмандони муосири Шофеӣ) ин матлабро аз чандин китоби Ибни Таймия нақл карда ва Ибни Ҳаҷар низ ба он ишора карда, мегӯяд: “Ин аз зишттарин масъалаҳоест, ки ба Ибни Таймия нисбат дода шуда. . . ” (Фатҳул борӣ , ҷ 13, саҳ 34). Ибни Таймия ба хотири исботи чунин ақидаи ботилаш, хоста ҳадиси саҳеҳеро тазъиф кунад, ки дар он Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармудаанд:
“Худованд мавҷуд буд он мавқее, ки ҳеҷ чизе ҳамроҳи ӯ мавҷуд набуд” (ё “чизе ғайр аз ӯ набуд). (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ 4, саҳ 73. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, ҷ 14, саҳ 11. “Сунанул кубро”-и Насоӣ, ҷ 6, саҳ 363. р. 11240. Тафсири Табарӣ, ҷ 12, саҳ 8. Ин ҳадисро Бурайда ва Имрон ривоят кардаанд).
Албонӣ дар ду китоби худ: “Аҳодиси саҳеҳа” (ҷ 1, саҳ 208) ва “Шарҳи ақидаи таҳовия” (саҳ 35) бар Ибни Таймия рад навишта ва орзу карда, ки эй кош Ибни Таймия вориди ин баҳс намешуд ва ин суханро намегуфт, чун ин аз ҷинси каломи фалосифа аст. Хеле аз уламои дигари аҳли суннат низ ба ин сухан ва ақидаи Ибни Таймия ишора кардаанд.
Мавлоно Алиқорӣ мегӯяд: “Ҳар ки оламро қадим бидонад, кофир аст”. (Шарҳи фиқҳи акбар, с 12).
Ибни Ҳазм мегӯяд:
“Иҷмои уммат бар ин аст, ки ҳар ки бигӯяд чизе ҳамроҳи Худо аз азал вуҷуд дошта, кофир аст”. (Маротибул иҷмоъ, с 167).
Қозӣ Аёзи Моликӣ мегӯяд:
“Ҳамчунин ба куфри касе, киба монанди ақидаи баъзе файласуфон ва даҳрия, оламро қадим медонад. . . яқин дорем”. (“Аш-шифо би таърифи ҳуқуқ-ил-мустафо”, ҷ 2, саҳ 606. Фатҳул борӣ , ҷ 12, саҳ 178).
Нававии Шофеӣ низ касеро, ки оламро қадим медонад, кофир донистааст. (“Ар-равза”, ҷ 10, саҳ 64).
Ҳасани Саққоф мегӯяд: “Сипас Ибни Таймия ду бидъатро ба оғӯш гирифт, ки қабеҳтар аз он ду чизе вуҷуд надорад: аввалӣ ин ки оламро қадим донист ва ин, бидъати олуда ба куфр аст. Ва дуюмӣ гумроҳӣ ва душмании ӯ бо Алист”. (Ирғомул мубтадаъил ғабӣ”-и Ҳасани Саққофи Шофеӣ, с 21).